Аслам Акрамов
Акрамов Аслам Шарифович | |
---|---|
Зодрӯз | 29 июл 1959 (61 сол) |
Зодгоҳ | Кӯлоб |
Ҷоизаҳо ва мукофотҳо |
![]() |
Акрамов Аслам Шарифович ( 29 июли 1959, шаҳри Кӯлоб) — генерал–майори хадамоти гумрук (2003).
Солҳои фаъолият[вироиш]
Хатмкардаи факултети иқтисодии УДТ (1981). Аввал дар мақомоти комсомолию Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1982 – 1990) кор карда, сипас сармутахассис ва сардори фонди нафақаи Комитети иҷроияи вилояти Кӯлоб, роҳбари «Сомонбонк»-и шаҳри Кӯлоб (1990 – 1997), сардори шӯъбаи гумруки аэропорти шаҳри Кӯлоб, сардори шӯъбаҳои гумруки ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, сардори идораи гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон (1997 – 2002), муовини вазир – сардори Департаменти гумруки Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003 – 06) буд. Аз соли 2006 корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бо ордени Шараф (дараҷаи 1) сарфароз гардидааст.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.