Jump to content

Асмо бинти Абубакр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Асмо бинти Абубакр
араб. ар. أسماء بنت أبي بكر
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: муҳаддис
Таърихи таваллуд: тақрибан 595
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: ноябри 692[1]
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Падар: Абубакри Сиддиқ
Модар: Qutaylah bint Abd-al-Uzza[d]
Ҳамсар Зубайр ибни Аввом
Фарзандон: Абдуллоҳ ибни Зубайр, Urwah ibn Zubayr[d] ва Q16119564?
Ҷанг:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд: Викигуфтовард
Вироиши Викидода

Асмо бинти Абубакри Сиддиқ اسماء بنت ابي بكر, маъруф ба Зотуннитоқайн (Макка, 27 қ. ҳ./595 м. – Макка, 84 ҳ./793 м), аз нахустин гаравандагони ба ислом ва саҳобияи машҳури паёмбари акрам (с).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асмо бинти Абубакр дар даврони кӯдакӣ бо даъвати падараш Абубакр имон овард ва ба тартиб ҳаждаҳум шахсият аз собиқони нахустин дар ислом будааст. Асмо бинти Абубакр пеш аз ҳиҷрат бо Зубайр ибни Авом издивоҷ кард ва дар аснои ҳиҷрат вақте ба Мадина расид, аввалин фарзанди худ Абдуллоҳро таваллуд намуд. Вай аз Зубайр соҳиби ҳашт фарзанд шуд, ки Абдуллоҳ ва Мусъаб машҳуртарини онҳо ҳастанд.

Вақте паёмбар (с) ва падараш Абубакр омодабоши ҳиҷратро медиданд, Асмо бинти Абубакр камарбанд ё рӯсарии худро ду пора кард ва тӯша ва даҳони машки оби онҳоро баст, паёмбар (с) дар ҳаққаш дуо намуд ва ӯ бо ҳамин ба Зутоннитоқайн – Ду камарбанда машҳур гашт. Асмо бинти Абубакр аз мусулмонзаноне буд, ки дар роҳи нашри арзишҳои дини Худо ҳамроҳи шавҳараш Зубайр ҳатто дар ҷангҳо ширкат мекард. Аз ҷумла дар яке аз сахттарин муҳорибаҳо – ҷанги Ярмук, ки дар авҷи гармои тобистон ба вуқӯъ пайваст, ширкат варзид. Гуфтаанд вақте модараш Қутла ё Қутайла бо ҳадяҳои бисёре ба дидори вай омад, ба сабаби куфраш Асмо бинти Абубак аз пазироии вай худдорӣ намуд ва дар ин бора аз паёмбар (с) суол кард. Паёмбар (с) ба вай иҷозат дод, ки модарашро бипазирад.

Аз Асмо бинти Абубак шаст ҳадис дар бораи намоз, рӯза, закот, ҳаҷ ва дигар масоили динӣ ривоят шудааст ва ровиёне чун Аббод ибни Абдуллоҳ, Урва ибни Зубайр, Ибни Абумулайка, Абдуллоҳ ибни Аббос ва Фотима бинти Мунзир аз вай ҳадис ривоят кардаанд. Асмо бинти Абубак умри дарозе дид ва пас аз шаҳодати фарзандаш Абдуллоҳ дар синни наваду нуҳ ва ё садсолагӣ дар Макка вафот кард.

Барои Асмо бинти Абубакр чаҳор хислат ва саодате ҷамъ омадааст, ки барои касе муяссар нагаштаанд: Падараш Абубакр (р) саҳобаи бузурги расули Худо (с) ва аввалин халифаи ислом, хоҳараш Оиша (р) саҳобияи бузург, ҳамсари расули Худо (с) ва модари муъминон, шавҳараш Зубайр (р) саҳобаи бузург ва ҳавории расули Худо (с) ва писраш Абдуллоҳ (р) саҳобаи бузург ва аз хулафои ислом.

Таърих ҳаргиз имон, ирода, шуҷоат, камоли ақл ва бузургии Асмо бинти Абубак, ба хусус суханони ӯро дар охирин дидораш бо фарзандаш Абдуллоҳ, фаромӯш намекунад. Вақте тарафдорони Абдуллоҳ аз ӯ пароканда гаштанд ва Ҳаҷҷоҷи Сақафӣ хонаи Худоро бо манҷаниқ ба оташ кашид, Абдуллоҳ чанд соат пеш аз маргаш ба назди модараш Асмо бинти Абубакр, ки пиразан ва нобино гашта буд, даромад ва гуфт: Ассалому алайки, эй модар ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Асмо бинти Абубакр гуфт: Ва алайка-с-салом, эй Абдуллоҳ. Туро дар ин соат чӣ чизе ба ин ҷо овард, дар соате, ки сахраҳои манҷаниқҳои Ҳаҷҷоҷ хонаҳои Маккаро ба ларза овардаанд?! Гуфт: Назди ту барои машварате омадам. Гуфт: Аз ман машварат мепурсӣ? Дар чӣ кор?!

Абдуллоҳ гуфт: Мардум маро бенусрат гузоштанд ва аз тарси Ҳаҷҷоҷ ва ё ба умеди он чи назди ӯст, аз ман пароканда гаштанд ва бо ман ба ҷуз нафари каме аз мардонам боқӣ намондааст, ки ҳарчанд шуҷоти беназире доранд, вале ба ҷуз як ду соате пойдорӣ натавонанд кард. Дар ҳоле ки намояндагони банӣ Умайя дам ба дам бо ман гуфтушунид доранд, ки агар силоҳро канор гузорам ва бо Абдулмалик ибни Марвон байъат кунам, маро ҳарчи хоҳам медиҳанд. Ту чӣ фикр мекунӣ ва чӣ маслиҳат медиҳӣ?!

Асмо бинти Абубакр бо садои баланд гуфт: Ин кори ту аст, эй Абдуллоҳ ва ту ба нафсат донотарӣ. Агар бовар дорӣ, ки бар ҳақ ҳастӣ ва ба сӯи ҳақ даъват мекунӣ, пас сабру мардонагӣ кун, ҳамон гуна ки ҳамроҳонат, ки зери парчами ту кушта шуданд, сабру пойдорӣ карданд. Аммо агар (бо ин корат) дунёро хоста бошӣ, пас чи бандаи баде будӣ, ки ҳам худро ва ҳам мардонатро ҳалок кардӣ.

Абдуллоҳ гуфт: Ба ночор ман имрӯз кушта мешавам. Асмо бинти Абубакр гуфт: Ин бароят беҳтар аст аз ин ки бо ихтиёри худ таслими Ҳаҷҷоҷ шавӣ, пас бо сари ту кӯдакони банӣ Умайя бозӣ кунанд. Гуфт: Аз кушта шудан наметарсам, вале аз мусла кардани ҷасадам метарсам. Асмо бинти Абубакр гуфт: Пас аз марг дигар чизе нест, ки инсон аз он битарсад, ки гӯсфанди забҳшударо пӯст кардан дард намедиҳад.

Чеҳраи Абдуллоҳ аз суханони модараш дурахшид ва гуфт: Баракат ёбӣ, эй модар ва маноқиби бузургат бобаракат бошанд. Ман дар ин вақт назди ту омадам, то он чи гуфтӣ, бишунавам. Худо медонад, ки на сустӣ кардам ва на нотавонӣ ва Ӯ худ шоҳид аст, ки барои муҳаббати дунё ва зинати он қиём накардаам, балки аз рӯи ғазаб барои Худо, ки ҳаромҳояш мубоҳ дониста шуданд. Ҳоло ман ба сӯи он чи дӯст медорӣ, эй модар, равонам, вақте кушта шудам, ғамгин нашав ва кори худро ба Худо бисупор.

Асмо бинти Абубакр гуфт: Ман бар ту вақте дар ботил кушта шавӣ, ғамгин мешудам. Гуфт: Эй модар, бар яқин бош, ки фарзандат, ҳаргиз мункареро қасдан анҷом надода, ҳеҷгоҳ ба фоҳишае даст назада, дар ҳукми Худо ситаме накарда, дар амонате хиёнат накарда, на ба мусулмоне ва на ба аҳли паймоне амдан зулме накарда ва ҳеҷ чизе назди ӯ аз ризои Худои азза ва ҷалла, баргузидатар набуда. Инро барои тазкияи нафсам намегӯям, зеро Худо ба он аз ман огоҳтар аст, балки барои он гуфтам, ки бар дилат сабр биоварам.

Асмо бинти Абубакр гуфт: Ҳамд Худойро, ки туро бар он чи дӯст медорад ва дӯст медорам, гардонидааст. Писарам, ба ман наздик шав, то бӯятро бибӯям ва ҷисматро ламс кунам, ки ин охири аҳди ман бо ту аст. Абдуллоҳ бар дастону пойҳои модараш бар рӯй афтод ва онҳоро мебӯсид ва модараш бинии худро бар сару рӯй ва гардани вай мемолид ва ӯро мебӯид ва мебӯсид ва бо дастонаш ҷасади ӯро ламс мекард. Он гоҳ ӯро баргардонд ва гуфт: Эй Абдуллоҳ, ин чист, ки пӯшидаӣ?! Гуфт: Ҷавшанам. Гуфт: Писрам, ин на либоси касест, ки шаҳодатро мехоҳад. Гуфт: Онро пӯшидаам, то хотири туро шод ва ором созам. Асмо бинти Абубакр гуфт: Онро бадар кун, ки он барои номусат сахттар, барои ҷаҳишҳоят қавитар ва барои ҳаракатат сабуктар аст, лекин дар ивази он чанд пероҳан бипӯш, то вақте кушта шудӣ, авратат макшуф ва боз нагардад.

Абдуллоҳ ҷавшанашро берун кард ва пероҳанашро бар худ бибаст ва ба Ҳарам баргашт, дар ҳоле ки мегуфт: Эй модар, дар дуои ман сустӣ накун.Асмо бинти Абубак каффи дастонашро ба сӯи осмон бардошт ва мегуфт: Худоё, тӯли қиём ва гиряҳои сахти ӯро дар торикии шабҳо вақте мардум хуфта буданд, раҳм кун, Худоё, гуруснагиву ташнагии ӯро бо рӯза дар нимарӯзҳои гарми Мадинаву Макка раҳм кун, Худоё, некиҳои ӯро бо падару модараш раҳм кун, Худоё, ӯро ба амри Ту супоридам ва ба он чи бар вай навиштаӣ, розӣ ҳастам, пас бо вай савоби собиронро бароям ато кун. Ҳанӯз шоми он рӯз фаро нарасида буд, ки Абдуллоҳ ба шаҳодат расид ва пас аз чанд рӯз ё чанд моҳе Асмо бинти Абубакр низ ба лиқои Парвардгор пайваст..

  1. арабская Википедия — 2003.
  • Asmāʾ / Gibb, H.A.R. // Encyclopaedia of Islam. 2nd ed : [англ.] : in 12 vol. / ed. by P. J. Bearman, Th. Bianquis, C. E. Bosworth, E. van Donzel, W. P. Heinrichs et al. — Leiden : E.J. Brill, 1960—2005. (платн.)
  • А. Боқизода. Тафсири навини Қуръони карим. Д., 2012.
  • سید غلامرضا تهامی، فرهنگ اعلام تاریخ اسلام. – تهران، 1387 ش.؛
  • .؛ دائرة المعارف فارسی. تهران، 1387 ش.؛