Аспакмоҳӣ
Намуди зоҳирӣ
| Аспакмоҳӣ | ||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Hippocampus guttulatus | ||||||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
|
ХАТО: шаблони таксономӣ вуҷуд надорад {{Syngnathidae}}, ки бояд мавқеи систематикии таксони Syngnathidae-ро муайян кунад.
Сарда: Аспакмоҳӣ |
||||||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||||||
| Hippocampus Rafinesque, 1810 | ||||||||||||
| ||||||||||||
Аспакмоҳӣ (лот. Hippocampus) — сардае аз моҳиҳо, ки зоҳиран ба «асп»-и муҳраи шатранҷ монанд аст. Дарозиаш 4-20 см. Аспакмоҳиҳо дар баҳрҳои тропикӣ ва субтропикӣ мезиянд. Моҳиҳои камҳаракат буда, бисёр вақт бо думи худ ба пояи рустаниҳои обӣ часпида меистанд. Аспакмоҳиҳо ранги худро вобаста ба муҳит тағйир медиҳанд ва бо ҳамин роҳ худро муҳофизат менамоянд. Ғизои аспакмоҳӣ харчангчаҳои хурди обӣ ва креветкаҳо мебошанд. Феълан миқдори аспакмоҳиҳо хеле кам шудааст. Аз 32 навъи маълуми аспакмоҳиҳо 30 навъашро ба Китоби сурх дохил кардаанд. Сабаби ба ҳадди нестӣ расидани аспакмоҳӣдар таом лазиз ва туҳфабоб будани он аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аспакмоҳӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.