Jump to content

Аспангез

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аспангез
Маҳмез

Аспангез, маҳмез — оҳани ҳалқашакл (чархак) ё нимдоираи дандонадорест, ки барои таҳрик додани асп бар пошнаи мӯзаи саворон баста мешавад.

Бино ба маълумоти бостоншиносон аспангезро садаи V то милод бори нахуст келтҳо (дар Британияи Кабир) истифода намудаанд. Дар садаи IV то мелодаспангезро як қатор муаллифони юнонӣ низ ёдрас кардаанд. Мардумони машриқзамин дар асрҳои миёна барои давондани асп ба ҷойи аспангез рикоби махсусро кор мефармуданд.