Аспиратсия
АСПИРÁТСИЯ (аз лот. aspiratio – нафаскашӣ) — 1) ба воситаи асбобҳо берун кашидани моеъ, рим ё ҳавое, ки дар натиҷаи бемориҳои гуногун дар ҷавфи бадан, банду буғум ғун шудааст. 2) Ҳангоми нафасгирӣ ба роҳи нафас афтодани ҷисмҳои бегона, зарраҳои ғизо, хун, дандонҳои сунъӣ ва ғайра; ҳангоми беҳуш будани бемор ё ихтилоли қобилияти фурӯбарӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Оқибати аспиратор ба ғализии моддаҳои ба роҳи нафас афтода ва амиқии ҷойгиршавии онҳо вобаста аст. Аспиратори моеъ ва ҷисмҳои бегонаи калон боиси фавти одам мегарданд. Ҳангоми ба роҳи нафас афтодани массаҳои нисбатан хурд онҳо ба воситаи балғам хориҷ карда мешаванд; дар дигар мавридҳо имкон дорад, ки онҳо бемориҳои илтиҳобии гуногун, масалан, ларинготрахеитҳо, бронхитҳо, бронхиолитҳо, илтиҳоби шуш ва ғайраро ба вуҷуд оваранд. Аспиратор хусусан дар кӯдакон бештар рух медиҳад. Он метавонад ҳангоми дар батни модар будани кӯдак, дар вақти таваллуд (аз луоби бачадон ва маҳбал), ҳамчунин баъзе бемориҳои модар ба вуқӯъ пайвандад. Дар кӯдакони навзод аснои ширмакӣ, қай, сурфа ва гиристан низ ба мушоҳида мерасад. Аз роҳи нафас ҷисмҳои бегонаи нисбатан калонро бо усули бронхоскопия берун меоранд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.