Jump to content

Аспиратор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСПИРÁТОР (аз лот. aspiroнафас мебарорам) — асбоб барои муайян кардани таркиби кимиёвии газҳо. Аспиратор зарфи шишагин буда, найчаи резинӣ (ба воситаи он газро ба худ мекашад) ва мила (барои сар додани об ё ягон моеи даруни зарф) дорад. Барои бо газ пур кардани аспиратормоеи онро ба зарфи дигар сар медиҳанд. Аспираторҳои филиззӣ низ мавҷуданд. Ба аспиратор маҳлул пур мекунанд (газе, ки мавриди санҷиш қарор гирифтааст, дар он ҳал намешавад). Дар тадқиқоти беҳдоштӣ (гигиенӣ) аспираторро барои муайян кардани миқдори ҷавҳари навшодир (аммиак) ва сулфиди ҳавои бинои бунгоҳи парвариши ҳайвонот (фермаҳо) ба кор мебаранд. Дар амалияи байторӣ барои аз захм ё ягон ҷавфи бадани ҳайвон кашида гирифтани моеъҳои гуногун ба сифати Аспиратор обдуздакҳо (шприсҳо)-и гуногунҳаҷмро кор мефармоянд. Аспиратори тиббӣ ҳангоми ҷарроҳиҳои гуногун, барои кашида гирифтани моеот, дар амалияи момоӣ ва ғайра истифода мегардад. Аспираторҳои тиббӣ бесадо кор карда, полунаҳо (филтрҳо)-и бактериявӣ доранд. Онҳоро метавон дар аробача насб кард ё рӯи такягоҳи махсус гузошт.