Аспи озарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Аспи озарӣ — зоти саворӣ ва боркаш. Аспи қадимии озарӣ. Аспи озарӣ бештар тӯруқ, ашҳаб, зард буда, сари калон, гардани миёна ва баъзан кӯтоҳ, тахтапушти паҳну пурқувват дорад. Вазнаш 280—350 кг, баландиаш 138 см, даври синааш 161 см, банди пояш 18 см. Суръати миёнаи давандагии аспи озарии 2-сола ба 1600 метр 2 дақиқа 22,6 сония, 3-сола ба 2400 метр 3 дақиқа 40,4 сония аст. Бо 120—140 кг бор рӯзе 60-70 км роҳ мепаймояд. Аспи озариро бо роҳи ҷуфт кардан бо аспҳои зоти арабию терекӣ беҳтар менамоянд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]