Аспи арабӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аспҳои арабӣ бо далели зебоӣ, руҳия ва ҳуши худ шуҳрат доранд.
Аспҳои арабӣ бо далели зебоӣ, руҳия ва ҳуши худ шуҳрат доранд.
Аспи арабӣ
Аспи арабӣ

ÁСПИ АРАБӢ, аспи тозӣ, зоти аспҳои қадимии саворӣ. Дар ҷаҳон зиёд паҳн шудааст. То пайдоиши аспи асили савории англисӣ зоти беҳтарин ба ҳисоб мерафт. Ҳамчун беҳкунандаи зоти дигар аспҳо маъруф аст. Аспи арабиро нимаи дуюми садаи VII бадавиён (дар нимҷазираи Арабистон) дар натиҷаи бо ас­пи шимоли-африқоӣ ҷуфт кардани аспҳои форсӣ ва осиёи марказӣ падид овардаанд. Дар ташаккули аспи арабӣ ҳамчун зот хусусан ҷангҳои доимии арабҳо мақоми муҳим дошт. Аспи арабӣ асосан бо мақсадҳои ҳарбӣ истифода мешуд. Дар натиҷаи чунин тарзи интихоб ва нигоҳубини хуб дар шароити биёбон, аспҳои нисбатан хурдҷуссаи боқувват ва пуртоқат ба вуҷуд омаданд. Аспи арабӣ солҳои зиёд сарвати бебаҳои бодияни­шинҳои таҳҷоӣ маҳсуб мешуд. Барои фурӯши он ба дигар сарзаминҳо, аз ҷумла ба Аврупо гунаҳгорро ба қатл мерасониданд. Ҷуфт кардани аспи арабӣбо дигар зотҳои асп низ мамнӯъ буд. Бинобар ин аспи арабӣдар давоми солҳои зиёд ҳамчун аспи хушзот боқӣ монд. Аспи арабиро баъдтар ба Аврупо бурданд. Дар Полша, Венгрия, Фаронса ва Британияи Кабир барои парваришу зиёд намудани саршумори аспи арабӣ заводҳои асппарварӣ бино ёфтанд. Аспи арабӣ дар Русия охири садаи XVI пайдо шудааст. Аспи арабӣ аз соли 1933 дар Тоҷикистон бо мақсади беҳсозии зоти аспи таҳҷойии лақайӣ истифода мешавад. Аспи арабӣ миёнаҷусса (140—156 см) буда, сари хурд, пешонии паҳн, гардани дароз, пойҳои пурқувват дорад. Даври сандуқи синааш 170—175 см, банди пояш 18-19 см. Суми сахт ва чашмони калони ҷозибанок дорад. То 28-30-солагӣ насл медиҳад. Бештар хинг (47 %), адҳамтӯруқ, абрашҷиран ва ашҳаб мешавад. Ба ҳар гуна иқлим тоб меоварад, бинобар ин дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Зоти аспи арабӣ аз 3 навъи дохилизотӣ иборат аст — сиглавӣ, куҳайлон ва ҳадбан.
Суръати дави рекордиаш: 1000 метр дар 1 дақиқа 7,8 сония; 1600 метр дар 2 дақиқа 13 сония; 2400 метр дар 2 дақиқа 51 сония; 3200 метр дар 3 дақиқа 40,5 сония; 7000 метр дар 8 дақиқа 59,7 соли аспи арабӣ барои ба вуҷуд овардани аспҳои асили савории англисӣ, резачорпои орловӣ, терекӣ, липитсианӣ, шарқибулғорӣ, неаполитанӣ, андалусӣ, тоҷикӣ ва ғайра истифода шудааст.

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигористон[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Мамин Н. О. Происхождение и формирование конских пород Сред­ней Азии и Таджикистана // Тезисы докл. ТСХИ. Душанбе, 1979;
  • Мамин Н. О. Современное состояние группы таджикских лошадей // Труды ТСХИ. Ҷ. 44. — Душанбе, 1983;
  • Свечин К. Б. (ва дигарон) Коневодство. — М., 1984
  • Мамин Н. О., Шоев С. Х. Рабочие качества Таджикской группы. Повышение продуктивности животноводства в Таджикистане // Труды ТСХИ. — Душанбе, 1985;
  • Камбегов Б. Д. ва дигарон. Лошади России: полная энциклопедия. — М., 2002.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]