Аспи терекӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аспи терекӣ
Аспи терекӣ

Аспи терекӣ — зоти саворӣ. Дар заводҳои асппарварии Терек ва Ставрополи Федератсияи Русия бо роҳи ҷуфт кардани аспҳои стрелесӣ, арабӣ, қабардинӣ ва донӣ ба вуҷуд овардаанд. Бештар ашҳаб, баъзан тӯруқ ва зард мешавад. Зоҳиран бааспи ара­бӣмонанд, вале нисбат ба он калонҷусса аст. Баландиаш 156 см, даври синааш 182 см, банди пояш 19,5 см. Суръати сан­ҷишии давиданаш (дар аспрез): 1000 метр — 1 дақиқа 7,8 сония; 1200 метр — 1 дақиқа 19 сония; 1600 метр — 1 дақиқа 44,8 соли Дар Тоҷикистон барои такмили дигар зотҳои асп истифода мешавад.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]