Аспи қустанайӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Stamp of Kazakhstan 368.jpg

ÁСПИ ҚУСТАНАЙӢ, зоти саворӣ. Дар колхозу заводҳои асппарварии вилояти Қустанайи Қазоқистон ва вилояти Челябински Федератсияи Русия ба вуҷуд овардаанд. Ҳамчун зот соли 1951 тасдиқ шудааст. Аспи қустанайӣ асосан зард ва тӯруқ мешавад. Аспи миёнаҷусса; баландиаш 157,5 см, даври синааш 184 см, банди пояш 20,3см. Суръати рекордии давиданаш: 1600 м дар 1 дақиқа 40,4 сония; 2400 метр дар 2 дақиқа 33,4 сония; 100 км 4 соату 1 дақиқа 5 соли Дар як шабонарӯз то 286,1 км роҳ ме­паймояд. Аспи қустанайиро барои беҳгардонии зотҳои аспи қазоқӣ истифода мебаранд.

Адабиёт[вироиш]