Jump to content

Асп (шатранҷ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гаштҳои эҳтимолии асп

Асп — муҳраи шатранҷ мебошад, ки дар оғози бозӣ дар катакҳои b1, g1 (аспҳои сафед) ва b8, g8 (аспҳои сиёҳ) ҷойгир мешавад. Асп ба катаки дилхоҳ, монанди ҳарфи Г (ду катак ба як тараф ва як катак ба дигар) гашта метавонад, агар дар катаки гардишаш муҳраи ҳамрангаш вуҷуд дошта набошад.

Қиммати асп аз рӯи қуввааш тақрибан ба як фил ё ба се пиёда баробар аст. Се асп аз рӯи қувва тақрибан ба як фарзин ё ду тӯра баробаранд.

Асп дар позитсияҳои маҳкам арзиши калон дорад, чунки аз болои муҳраҳо ҷаҳида метавонад.