Балҷувон
Деҳа | |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Балҷувон |
Ҷамоат | Деҳоти Балҷувон |
Координатаҳо | 38°18′ с. ш. 69°41′ в. д.HGЯO |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Аҳолӣ | 1055 нафар (2017) |
Ҳайати миллӣ | тоҷикон |
Ҳайати динӣ | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Коди телефон | +992 3357 |
Нишонаи почта | 735140 |
Коди мошин | TJ03 |
Балҷувóн — деҳа, маркази маъмурии ҷамоати деҳоти Балҷувон ва маркази ноҳияи Балҷувон[1].
Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]
Роҳҳои деҳа асфалтпӯш. Аҳолиаш 1055 нафар (2017)[2], тоҷикон. Гимназияи давлатӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, беморхона, 2 китобхона, маркази истироҳат ва фароғати «Сурхоб», кӯдакистони «Парасту», 2 ошхона, нуқтаҳои хидмати маишӣ ва 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Сурхоб обёрӣ мешаванд.
Ёдгориҳои таърихӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Ёдгории таърихиаш Қалъаи Мир.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Балҷувон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 320. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2