Асрору-л-авлиё
Зоҳир
Унсури холии Викидода |
«Асрору-л-авлиё» (ар. اسرار الاولیاء) — асари тасаввуфии Бадруддин Исҳоқ ибни Алии Деҳлавӣ (асри 13). Ба забони форсӣ навишта шудааст. Аз 22 фасл иборат буда, малфузот ва насоеҳу иртидоти шайхи маъруфи Ҳиндустон Фаридуддин Ганҷшакар (вафоташ 1265—1266)-ро дар бар мегирад. Дар «Асрору-л-авлиё» инчунин масъалаҳои амалии тасаввуф ва вазифаҳои солики ҳақиқӣ баён ёфтаанд. Як нусха аз дастнависи ин китоб дар Захираи дастнависҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АМИТ зери рақами 530/1 маҳфуз аст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асрор-ул-авлиё / С. Шаҳобуддинов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.