Jump to content

Асрору-т-тавҳид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Асрору-т-тавҳид
Нависанда Муҳаммад бни Мунаввар

«Асрору-т-тавҳид фӣ мақомоти-ш-шайх Абусаид» (ар. اسرارالتوحید فی مقامات شیخ ابی‌سعید ابی‌الخیر‎) — асарест, ки онро писари абераи Абусаид Абулхайри Маҳнаӣ Муҳаммад ибни Мунаввар тартиб дода, дар он суханони Абусаиди Абулхайр, мулоқоту сафар ва кору зиндагии ӯро дар асоси ёддоштҳо, ривояту ҳикоятҳои муридон ва хешу таборон, инчунин ровиён ҷамъ овардааст.

Ба забони форсӣ навишта шуда, аз ду боб ва ҳар боб аз се фасл иборат мебошад. Дар боби аввал мураттиб дар бораи зиндагии Абусаиди Абулхайр маълумоти бисёреро гирд оварда, ҳикоятҳои фаровонеро дар бораи каромоти ӯ нақл намудааст ва гуфтаҳои Абусаиди Абулхайрро ҷамъоварӣ кардааст. Боби дуюми «Асрору-т-тавҳид» роҷеъ ба давраҳои зиндагии Абусаиди Абулхайр ҳикоят мекунад. Дар ҳамин боб охирин васиятҳои ӯ ва силсилаи каромоташ оварда шудаанд. Зимни тасвири масъалаҳои мазкур мураттиб баъзе масъалаҳои ахлоқӣ, тасаввуфӣ ва маърифати ирфониро баррасӣ намудааст. Аз «Асрору-т-тавҳид» маълум мешавад, ки Абусаиди Абулхайр дар инкишофу равнақи тасаввуфи Хуросон мақоми намоён доштааст. «Асрору-т-тавҳид» барои ошноӣ бо тарҷумаи ҳолу афкори Абусаиди Абулхайр манбаи ягона ва муҳим ба шумор меравад. Забони асар хеле салису равон ва содаву мафҳум аст. Аз ин рӯ, онро ҳамчун маъхази боарзише барои таҳқиқу омӯзиши таърихи забони форсӣ истифода намудан мумкин аст. «Асрору-т-тавҳид» аҳаммияти таърихӣ низ дорад. Мураттиб дар он оид ба вазъи сиёсии замон, харобкориҳои бераҳмонаи яке аз қабилаҳои бодиянишини турк — ғузҳо маълумоти фаровон овардааст. «Асрору-т-тавҳид»-ро бори аввал шарқшиноси машҳури рус В. А. Жуковский аз рӯи нусхаи дастнависи Музейи Британия ва китобхонаи Петербург бо муқаддимаи нисбатан муфассал соли 1899 дар Петербург ба табъ расонд. Дар асоси ин нусха баъдан дар Эрон он се маротиба чоп шуд. «Асрору-т-тавҳид» барои муайян намудани мақоми Абусаиди Абулхайр дар афкори ирфонӣ манбаи муҳим мебошад.

  • Олимов К. Баррасиҳо дар тасаввуф. Душанбе, 1998.