Jump to content

Ассимилятсия (забоншиносӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ассимилятсия, идғом (ар. ادغام‎ ‒ дарҳам фишурдан ва фурӯ бурдани ду чиз, ҳарферо дар ҳарфи дигар омехтан) — дар забоншиносӣ, монандшавии яке аз овозҳо (фонемаҳо) ба овоз (фонема)-и дигар дар ҷараёни нутқ.

Ин ҳодиса дар натиҷаи мутобиқати овозҳои ҳамнишин ба амал меояд. Масалан: танбӯр — тамбӯр, мазкур — маскур, изҳорот — исҳорот, ибтидо — иптидо ва ғайра Овозҳои ҳамнишин (ҳамсадоҳо) аз рӯйи чор хусусият: кори садопардаҳо, кори узви фаъол (ё махраҷи овозсозӣ), тарзи тавлид ва аз рӯйи иштироки резонаторҳо ба ҳам монанд мешаванд. Ассимилятсияро вобаста ба дараҷаи монандшавии овозҳо ба ду гурӯҳ: пурра ва нопурра ҷудо мекунанд. Ассимилятсияи пурра дар мавриди ҳамнишинии овозҳои ҳамъузв амалӣ мегардад ва дар ин маврид як овоз овози дигарро пурра ба худ монанд мегардонад: садто — сатто, бадтар — баттар ва ғайра. Дар ассимилятсияи нопурра як овоз ба овози дигар қис­ман (аз ҷиҳати ҷарангнокӣ, беҷарангӣ, артикулятсионӣ) монанд мешавад: чанбар — чамбар, обанбор — обамбор, хубтар — хуптар, вазнин — вазмин ва ғайра Вобаста ба самт ассимилятсияро ба ду гурӯҳ тақсим менамоянд: пешрав (прогрессивӣ) ва пасрав (регрессивӣ). Ассимилятсияи овози баъдинаро ба овози пешина ассимилятсияи пешрав (қасд — қаст, тасдиқ — тастиқ) меноманд, ки ин навъи монандшавӣ ба забони тоҷикӣ хос нест. Ассимилятсияи овози пешина ба баъдинаро (санбӯса — самбӯса, ибтидо — иптидо, изҳорот — исҳорот, якшанбе — якшамбе) ассимилятсияи пасрав меноманд.

  • Луғати терминҳои забоншиносӣ.Душанбе, 1983;
  • Хаскашев Т. Фонетикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе, 1984;
  • Т. Хаскашев, С. Қурбонов. Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Душанбе, 1985.