Ассотсиатсия (равоншиносӣ)
Jump to navigation
Jump to search
![]() |
Ассотсиатсия дар равоншиносӣ (психология) робитаест, ки дар шароити муайян байни ду ва бештар унсури фаъолияти рӯҳӣ (эҳсосот, идрок, тасаввурот, фикр ва ғайра) ба вуҷуд меояд; таъсири ин робита аз он иборат аст, ки пайдоиши як узви ассотсиатсия боиси пайдо гардидани узви дигари он мешавад. Арасту ассотсиатсияро ба се гурӯҳ ҷудо мекунад: ассотсиатсияи муштарак (дар фазо ва вақт), ассотсиатсияи шабоҳат (масалан, заврақ – киштӣ), ассотсиатсияи тафовут (масалан, туруш – ширин). Рефлекси шартие, ки И. В. Павлов кашф намудааст, асоси психофизиологияи ассотсиатсияро ташкил медиҳад.
Адабиёт[вироиш]
- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
/ М. Давлатов.
- Краткий психологический словарь. Москва, 1984.
- Луғати мухтасари истилоҳоти педагогика. Душанбе, 1988.