Астат
| Астат | |||||||||||||||||||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| Талаффуз | /ˈæstətiːn, -tɪn/ | ||||||||||||||||||||||||||
| Номи дигар | astatine | ||||||||||||||||||||||||||
| Рақами массавӣ | [210] | ||||||||||||||||||||||||||
| Астат дар ҷадвали даврӣ | |||||||||||||||||||||||||||
| |||||||||||||||||||||||||||
| Рақами атомӣ (Z) | 85 | ||||||||||||||||||||||||||
| Гурӯҳ | гурӯҳи 17 (ҳалогенҳо) | ||||||||||||||||||||||||||
| Давр | даври 6 | ||||||||||||||||||||||||||
| Блок | p-блок | ||||||||||||||||||||||||||
| Категорияи элемент | Нимметалл, sometimes classified as a nonmetal, or a metal[1][2] | ||||||||||||||||||||||||||
| Конфигуратсияи электрон | [Xe] 4f14 5d10 6s2 6p5 | ||||||||||||||||||||||||||
| Электронҳо аз рӯӣ ҷилд | 2, 8, 18, 32, 18, 7 | ||||||||||||||||||||||||||
| Хосиятҳои физикӣ | |||||||||||||||||||||||||||
| Фаза дар ҲФМ | solid | ||||||||||||||||||||||||||
| Ҳарорати ҷӯшиш | 503±3 K (230±3 °C, 445±5 °F) (estimated)[3] | ||||||||||||||||||||||||||
| Зичӣ (наздик ба ҳ.х.) | (At2) 6.35±0.15 гр/см3 (predicted)[4] | ||||||||||||||||||||||||||
| Ҳаҷми молярӣ | (At2) 32.94 см3/мол (predicted)[4] | ||||||||||||||||||||||||||
| Ҳарорати буғшавии хос | (At2) 54.39 кҶ/мол[5] | ||||||||||||||||||||||||||
Буғи сершуда
| |||||||||||||||||||||||||||
| Хосиятҳои атомӣ | |||||||||||||||||||||||||||
| Дараҷаҳои оксидшавӣ | −1, +1, +3, +5, +7[6] | ||||||||||||||||||||||||||
| Электроманфиият | Ҷадвали Полинг: 2.2 | ||||||||||||||||||||||||||
| Қувваҳои иондоршавӣ |
| ||||||||||||||||||||||||||
| Радиуси ковалентӣ | 150 пм | ||||||||||||||||||||||||||
| Радиуси Ван дер Ваалс | 202 пм | ||||||||||||||||||||||||||
| Дигар хосиятҳо | |||||||||||||||||||||||||||
| Сохтори булӯрӣ | face-centered cubic (fcc) (predicted)[2] | ||||||||||||||||||||||||||
| Гармигузаронандагӣ | 1.7 W/(m·K) | ||||||||||||||||||||||||||
| Рақами CAS | 7440-68-8 | ||||||||||||||||||||||||||
| Таърих | |||||||||||||||||||||||||||
| Номгузорӣ | after Greek astatos (αστατος), meaning "unstable" | ||||||||||||||||||||||||||
| Кашф | Dale R. Corson, Kenneth Ross MacKenzie, Эмилио Сегре (1940) | ||||||||||||||||||||||||||
| Изотопҳои асосии астат | |||||||||||||||||||||||||||
| |||||||||||||||||||||||||||
Ин мақола ятим аст; Яъне ҳеч саҳифае ба ин &namespace=0 мақола пайванд надорад.
|

Астат (лот. Astatin) At, унсури кимиёвии гурӯҳи VII ҷадвали даврии Менделеев; мансуби галогенҳо. Рақами тартибиаш 85, массаи атомиаш 209,9871. Астат унсури радиоактив буда, дар табиат аз таҷзияи радиоактивии уран ҳосил мешавад. Мавҷудияти астатро соли 1870 олими рус Д. И. Менделеев пешгӯӣ карда, онро «экаиод» номида буд. Астати холисро соли 1940 олимони Донишгоҳи Калифорния (ИМА) Д. Корсон, К. Мак-Кензи ва Э. Сегре ҳангоми бо α-зарраҳо бомбаборон кардани висмут ҳосил намуданд. Астат унсури ноустувор мебошад. Аз ин сабаб ба астат номи юнонии astatos – «ноустувор» дода шудааст. Зиёда аз 24 изотопи астат маълум аст. Дарозумртарин изотопи астат – 210At (давраи нимкоҳишаш 500 дақиқа) мебошад. Астат унсури ниҳоят камёфт аст. Моддаи филиззии сиёҳи кабудтоб, ҷилои филиззӣ дорад; ҳарорати гудозишаш 300°С; ҳарорати ҷӯшишаш 360°С. Соли 1953 кимиёдонҳои амрикоӣ Э. Ҳайд ва А. Гиорсо изотопи 219At-ро аз таркиби франсий ҷудо карданд. Хосияти кимиёвии астат ба йод ва полоний монанд мебошад. Монанди йод дараҷаҳои оксидшавии аз – 1 то + 7 дорад. Ҳангоми гарм кардан якбора ба буғ табдил меёбад. Дар об ҳал намешавад, дар аксар ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал мешавад. Хосиятҳои филиззии астат назар ба хосиятҳои ғайрифилиззӣ бештаранд (он марбути сохти электронии атом мебошад). Астат ба осонӣ оксид мешавад. Намаки дучандаи йодиди астату сезий CeAsI2, астиди нуқра AtAg ва астиди ноустувори ҳидроген AtH ҳосил карда шудаанд. Пажӯҳишҳо нишон доданд, ки астат монанди йод дар ғадуди сипаршакл ҷой дорад. Истифодаи изотопи 211At барои муолиҷаи бемории ҷоғар назар ба изотопи радиоактиви йод 131I муфидтар аст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Популярная библиотека химических элементов. Т. 2. - М., 1983;
- Шретер В. (ва дигарон). Химия. - М., 1989;
- Идрисов Т. Химияи аносир (элементҳо). - Душанбе, 2004.
Инҷоро ҳам бингаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Астат / Т. Идрисов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- ↑ Corson, MacKenzie.
- 1 2 (2013) «Condensed Astatine: Monatomic and Metallic». Physical Review Letters 111 (11): 116404-1–116404-5. doi:10.1103/PhysRevLett.111.116404. PMID 24074111. Bibcode: 2013PhRvL.111k6404H.
- ↑ (1982) «Estimation Chemical Form Boiling Point Elementary Astatine by Radio Gas Chromatography». Radiochimica Acta 31 (3–4): 201–203. doi:10.1524/ract.1982.31.34.201.
- 1 2 (1981) «Predicting the Properties of the 113–120 Transactinide Elements». The Journal of Physical Chemistry (ACS Publications) 85 (9): 1177–86. doi:10.1021/j150609a021. 6 May 2013.
- ↑ Glushko, V. P.; Medvedev, V. A.; Bergma, G. A. (1966). Termicheskie Konstanty Veshchestv (in Russian) 1. Nakua. p. 65.
- ↑ Greenwood, Norman N.; Earnshaw, Alan (1997). Chemistry of the Elements (2nd ed.). Butterworth-Heinemann. p. 28. ISBN 978-0-08-037941-8.
- ↑ (2013) «Measurement of the First Ionization Potential of Astatine by Laser Ionization Spectroscopy». Nature Communications 4: 1–6. doi:10.1038/ncomms2819. PMID 23673620. Bibcode: 2013NatCo...4E1835R.
