Астон Фрэнсис Уилям

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search


Астон Фрэнсис Уилям
Francis William Aston
267x400px
Санаи таваллуд:

01 сетябр, 1877

Зодгоҳ:

Ҳарборн

Санаи марг:

20 ноябр, 1945

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

олими соҳаи физика ва химия

Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ:

B.Sc.[d] (1910) ва Doctor of Science[d] (1914)

Алма-матер:
Роҳбари илмӣ:

J. J. Thomson[d]

Ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Астон Фрэнсис Уилям дар Викианбор

ÁСТОН (Aston) Фрэнсис Уилям (01.09.1877, Ҳарборн – 20.11.1945, Кембриҷ), физикдони англисоли Астон дар соҳаи физикаи атому ҳастаи атом ва радиокимиё пажӯҳиши бисёр дорад. Ӯ узви Ҷамъияти Шо­ҳии Лондон, узви вобастаи АИ ИҶШС (1924) буд. Донишгоҳҳои Бирминҳем ва Кембриҷро хатм карда, аз соли 1909 дар Донишгоҳи Бирминҳем дарс гуфтааст. Аз соли 1920 узви Тринитиколлеҷ. Соли 1925 массспектрографе сохт, ки қувваи тафриқааш хеле зиёд буд. Ба воситаи он массаи изотопҳои устуворро саҳеҳ андоза кард ва камомади массаҳои як қатори онҳоро ошкор намуд. Астон усули ҷудо кардани изотопҳоро, ки ба ихтилот (омезиш)-и электромагнитӣ ва газӣ асос ёфтаанд, пешниҳод карда, соли 1927 нахустин хатти каҷи зарибҳои (коэффитсиент) бандубастро сохт, ки энергияи робитаи ҳастаҳои атомиро тавсиф медиҳанд. Астон соҳиби ихтирои нахустин массспектрометр буд. Ӯ бо ин асбоб хусусиятҳои гуногуни 213 изотопи устувори табииро таҳқиқ кард ва чандомади нисбии онҳоро муайян намуд. Астон барои ин кор соли 1922 сазовори Мукофоти Нобел гардид.

Сарчашма[вироиш]

  • Волков В. А. Выдаюшиеся химики мира. Москва, 1991.
  • 1.0 1.1 Астон Фрэнсис Уильям // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  • 2.0 2.1 http://www.bmss.org.uk/aston.shtml
  • 3.0 3.1 http://www.genealogyinengland.com/Counties/cambridgeshire.htm
  • 4.0 4.1 http://www.britannica.com/EBchecked/topic/416856/Nobel-Prize/93434/The-prizes
  • 5.0 5.1 http://www.britannica.com/EBchecked/topic/422060/nuclide
  • 6.0 6.1 http://www.encyclopedia.com/topic/mass_spectrograph.aspx