Бирмингем

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Бирмингем

англ. Birmingham
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар Бритониёи Кабир
Координатаҳо 52°29′ с. ш. 1°54′ з. д.HGЯO
Роҳбар Yvonne Mosquito[d]
Коди телефон 121
Сайти расмӣ birmingham.gov.uk
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Бирмингем дар харитаи
Бирмингем
Бирмингем

Би́рмингем (англ. Birmingham [ˈbɜːmɪŋəm] , [ˈbɜːmɪŋɡəm]) — шаҳр дар Британи‌яи Кабир, дар қисми марказии Англия.

Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолиаш 1,1 млн нафар (2010, дувумин шаҳри бузург баъди Лондон). Масоҳ. 267,8 км2. Маркази р. о. ва роҳҳои автомобилгард. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Маскуншавии нахустин дар Бирмингем ба садаи 11 рост меояд. Мавқеи ҷуғрофиёиаш барои рушди Бирмингем мусоидат намудааст; дар садаи 13 бо намоишгоҳи фурӯши маҳсулот (ярмаркаҳо) ва дертар бо ривоҷи ҳунари косибӣ маъмул гардидааст. Дар охирҳои садаи 18 ба маркази филиззкорӣ (металлургия)-и сиёҳ, саноати мошинасозӣ, маснуоти филиззӣ ва саноати низомӣ табдил ёфт. Бирменгеми муосир шаҳри саноатӣ буда, минтақаи асосии саноатӣ, молиявӣ ва тиҷоратии Англия ба ҳисоб меравад. Соҳаҳои асосии саноаташ: хӯрокворӣ, мошинсозӣ, тайёрасозӣ, электротехника, дастгоҳсозӣ, табъу нашр буда, велосипед ва мотосикл истеҳсол карда мешаванд. Дар Бирмингем 3 донишгоҳ ва 2 коллеҷи назди донишгоҳ мавҷуд аст. Мактаби Шоҳ Эдвард яке аз таълимгоҳҳои беҳтарини занонаи Англия ба ҳисоб меравад. Ёдгорҳои таърихӣ: Калисои ҷомеи Филиппи Муқаддас (1765), Калисои Павели Муқаддас (1779), Калисои ҷомеи Чэди Муқаддас (1841). Дар маркази шаҳр майдони Виктория бо ратуша дар услуби классикӣ (1834) ва яке аз фаввораҳои бузургтарини Аврупо ҷойгир аст. Нигористони санъати бадеӣ ва нафиса, осорхонаи нақлиёт ва р. о., китобхона, оркестри симфонӣ дорад. Дар наздикии Бирменгем дар Борнвилл осорхонаи шоколади ширкати «Кэдберри» воқеъ гаштааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]


Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]