Jump to content

Астроботаника

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСТРОБОТÁНИКА, гиёҳшиносии кайҳонӣ, фасле дар астробиология, ки набототи мавҷудаи сайёраҳои Манзумаи Офтоб, бахусус Миррихро меомӯзад. Соли 1945 бо ташаббуси Г. А. Тихов роҳандозӣ шудааст. Тасдиқи асосии мавҷудияти рустаниҳо дар Миррих тағйироти мавсимӣ, аз ҷумла обшавии яхи қуллаҳои қутбҳо ва торикшавии баъзе минтақаҳои он мебошад, ки далели инкишофи рустаниҳо буда метавонад. Тафовути хусусиятҳои оптикии минтақаҳои торики ин сайёра аз хусусиятҳои оптикии набототи заминӣ (дар спектр (тайф)-и фурӯбурд мавҷуд набудани хатти хлорофилл, кам будани қобилияти инъикос дар соҳаи сурхи спектр) ҳамчун натиҷаи мутобиқшавии рустаниҳо ба шароити хеле сарди Миррих маънидод карда мешавад. Қисман ин падида то дараҷае дар Замин – дар Помир, Сибири Шимолӣ ва ғайра мушоҳида мешавад. Аммо усулҳои астробиология мавҷудияти рустаниҳоро дар дигар сайёраҳо мустақиман исбот накардаанд.

  • Тихов Г. А. Астроботаника. Москва, 1949.