Jump to content

Астродинамика

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Моҳвора дар ҳоли гардиш ба даври Замин

АСТРОДИНÁМИКА (аз астро… ва dynamis – қув­ва), фасли механикаи осмон, ки ҳаракати ҷисмҳои осмонии маснӯъ – радифҳои маснӯи Замин (РМЗ), радифҳои маснӯи Моҳ (РММ), истгоҳи автоматии байнисайёравӣ ва дастгоҳҳои дигари кайҳониро меомӯзад. Астродинамика чун фасли механикаи классикии осмон, ки ҳаракати ҷирмҳои осмонии табиӣ ё ҷисмҳои фарзиро дар чаҳорчӯби ин ё он фарзия меомӯзад, ба миён омад. Астродинамика ғайр аз қувваҳои ҷозибаи байни ҷирмҳои осмонӣ инчунин муқовимати атмосфераи Замин, фишори тобишоти Офтоб, майдони магнитии Замин, қувваҳои кашиши муҳаррикҳои дар ҷисмҳои маснӯъ шинондашударо низ ба эътибор мегирад. Астродинамика ба таҳқиқи риёзии муодилаҳои дифференсиалии ҳаракати ҷисмҳои осмонии маснӯъ асос ёфт. Барои тартиб додани муодилаҳои ҳаракат дар масъалаҳои астродинамика, ки назар ба муодилаҳои механикаи осмон мураккабтаранд (ба сабаби зиёд будани шумораи қувва­ҳои ба ҷисми осмонии маснӯъ асаркунанда) комёбиҳои механикаи таҳлилӣ, аэродинамика, назарияи идораи автоматӣ ва ғайра ба назар гирифта мешаванд.

Дар сохтани лоиҳаи мадор, ки яке аз вазифаҳои асосии астродинамикааст, шароити раҳоиш, барномаи идораи ҷисми кайҳонии маснӯъ пешакӣ муайян карда мешавад. Маъмулан, ҷисмҳои осмонии маснӯъро бо ёрии мушакҳои бисёрзина ба мадор мебароранд. Мушак баъди раҳоиш муддате аз ҳисоби қувваи кашиши муҳаррикҳои реактивӣ ҳаракат мекунад. Ин қисми фаъоли масири мушак мебошад. Баъди ҷудо шудани зинаи охири мушак дастгоҳи кайҳонӣ ба ҷисми осмонии маснӯъ табдил меёбад. Ҳаракати баъдии он дар мадор аз ҳисоби шасти ҳаракат (инерсия) сурат мегирад. Ҳаракати минбаъдаи ҷисми маснӯъ бо вазъ ва суръати он ва қувваҳои фаъолу ғайрифаъоли ба он таъсиркунанда таъйин мешавад. Ин гуна ҳаракати ҷисмро ба воситаи муодилаҳои ҳаракат таҳлил намуда, баҳо медиҳанд.
Масъалаи дигари астродинамикааз як мадор ба мадори дигар гузаронидани ҷисми кайҳонии маснӯъ мебошад (дар аксари мавридҳо ҷисмро бевосита ва якбора ба мадори зарурӣ баровардан имконнопазир аст ё аз ҷиҳати энергӣ мусоид нест). Масъалаҳои танзими ҳаракати мадорӣ, аз як мадор ба мадори дигар гузаронидан, ба Замин баргардонидан, ба рӯйи Моҳ ва ё ягон сайёра нишондани дастгоҳҳои кайҳонӣ низ ба астродинамикатааллуқ доранд. Масъалаи таҳияи барномаи дурусти идораи ҳаракат барои аз як мадор ба мадори дигар гузаронидани ҷисми дар фазои Кайҳон ҳаракаткунанда ба татбиқи усулҳои риёзии назарияи идоракунӣ вобастагӣ дорад. Истифодаи амалии натиҷаҳои риёзии астродинамикабарои тавсиф кардани ҷисми аз як мадор ба мадори дигар гузаранда бе ҳалли масъалаҳои муҳандисӣ-техникии дастгоҳсозӣ ва идораи автоматии онҳо муяссар намешавад.
Дар Астродинамика масъалаҳои таҳлил ва сохтани лоиҳаи ҳаракати чархиши дастгоҳҳои маснӯъ (нисбат ба маркази инер­сияи онҳо) ҷиддияти зиёд мехоҳад, зеро дар бисёр мавридҳо нисбат ба фазо тағйир ёфтани самти дастгоҳи кай­ҳониро дар муддати парвоз муайян кардан лозим меояд. Вале омӯзиши амалии мушкилоти чархиши дастгоҳҳои маснӯъ назар ба омӯзиши чархиши ҷисмҳои кайҳонии табиӣ мураккабтар аст, чунки дар ин маврид муқовимати атмос­фера (вижагиҳои аэродинамикӣ), қувваҳои магнитӣ ва фишори рӯшноиро ба назар гирифтан лозим меояд. Ҳалли ин масъала барои дар самти зарурӣ устувор нигоҳ доштани самти ҳаракати дастгоҳи кайҳонӣ аҳаммияти амалӣ дорад.

  • Каневский С. Н. Физика, понятная всем. Астродинамика.Москва, 2009;
  • Суханов А. А. Астродинамика. Москва, 2010;
  • Херрик С. Астро­динамика. В 3-х томах. Москва, 1979.