Jump to content

Астроспектроскопия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Star-Spectroscope дар Расадхонаи Lick соли 1898

АСТРОСПЕКТРОСКОПЍЯ (аз астро… ва лот. spectrum – спектр, skopeo – менигарам), соҳаи астрофизика, ки спектр (тайф)-и ҷирмҳои кайҳониро бо мақсади пажӯҳиши табиати физикии Офтоб, ситораҳову сайёраҳо, меҳҳо, моддаи байниситоравӣ ва инчунин ҳаракати онҳоро меомӯзад. Астроспектроскопия ба маънои танги калима як шохаи астрофизикаи амалӣ аст ва ҳаракати ҷирмҳо ё қисмати онҳоро аз рӯйи лағзиши хатҳои тайфи (спектрӣ)-е таҳқиқ мекунад, ки дар асари падидаи Доплер ба миён меоянд. Таҳлили хатҳои тайфии ҷирмҳои кайҳонӣ имкон медиҳад, ки дар бораи рӯйдодҳои гуногуни физикӣ, ҳолатҳои иондоршавии унсурҳои кимиёвӣ дар атмосфераи ситораҳо, дар бораи таркиби кимиёвӣ ва ҳарор. атмосфераи онҳо, дар бораи фишор (масалан, фишори электронӣ)-и онҳо ва ғайра маълумот ба даст оварда шавад. Ҳаракати дохилии миқдори зиёди газҳо ва инчунин гардиши меҳварии Офтоб, ситораҳову сайёраҳо, меҳҳо, галактикаҳо боиси ба миён омадани фарқи суръати шуоӣ дар қисмҳои гуногуни тасвири аёнии онҳо мегардад. Дар мавриди ситораҳо, ки тасвирашон нуқтавӣ мебошад, гардиши меҳварӣ дар он зоҳир мегардад, ки хатҳои спектрӣ васеъ ва аз нигоҳи фотометрӣ камумқ меоянд. Туғёнҳои зиёд дар атмосфераи ситора боиси васеии хатҳои спектрӣ мегардад, бе ин ки шиддати тобиши онҳо ба дараҷаи намоён коҳиш ёбад. Лапишҳои даврии хат­ҳои спектрӣ дар назди қимати миёнаи худ дар спектри ситора далели дуқӯша будани ситора аст (ниг. Ситораҳои дуқӯша).
Истифодаи астроспектроскопия муайян кардани бисёр ҷиҳатҳои ҳолати унсурҳои кимиёвиро равшан месозад. Чунончи, аз таҳлили шиддати хатҳои спектрӣ ва нимрухи онҳо дар бораи дараҷаҳои иониши атомҳои унсурҳои кимиёвӣ дар атмосфераи ситораҳо, таркиби кимиёвӣ ва ҳарорат дар атмосфераи ситораҳо, фишори он атмосфера (аз ҷумла фишори электронӣ) ва ғайра маълумоти гуногун ба даст овардан мумкин аст. Таҳлили минтақаҳои фурӯбурдҳои молекулавӣ имкон медиҳад, ки ҳарорат ва фишори атмосфераи сайёраҳо ба қадри кофӣ дуруст муайян карда шавад. Истифодаи асбобҳои қутбноккунӣ ҳангоми таҳлили спектрҳои Офтобу ситораҳо барои таҳқиқи майдони магнитии онҳо имкон медиҳад. Таснифи дурусти спектрӣ инчунин барои омӯзиши бисёр муаммоҳои пайдоиш ва таҳаввули ситораҳо, аз ҷумла, барои таснифи спектрии ситораҳои ҷавони ғайрисобит, аномалияи таркиби кимиёии ситораҳо, мушаххас намудани ҷадвали ҳароратии пайдарҳамии ситораҳои диаграммаи Герсшпрунг-Рессел, ҷадвали масофаҳо дар Галактика ва ғайра зарур аст. Солҳои 90 садаи XX ба воситаи спектрографи UAGS-и телескопи қутраш якметраи расадхонаи «Санглох»-и Институти астрофизикаи АИ ҶТ мушоҳидаҳои спектрии зиёда аз 100 ситораи гуногун анҷом дода шудаанд. Дар асоси ин пажӯҳиш таснифи спектрии дученаи миқдории резаситораҳои навъи хуршедӣ, ситораҳои бузург ва абарбузург тартиб дода шудааст.

/ Н. Миниқулов.