Jump to content

Асфала софилин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСФАЛА СОФИЛИН (арабӣ: اسفلسافلين) таъбири қуръонӣ, ки ба маънои поинтарини пастҳо ва аз пастҳо ҳам поинтар аст. Ин таъбир дар Қуръон фақат дар як маврид – дар ояти панҷуми сураи Тин зикр шудааст. Дар ояте қабл аз он Худованд дар бораи офариниши фитрӣ-ҷисмонии инсон хабар дода, ки он дар беҳтарин сурат ва бо зеботарин пайкаре анҷом гирифтааст, вале камоли маънавӣ ва итмоми ҷавҳари инсониро дар вай ба чизи дигаре марбут намуда, ки он ба интихоби дурусти худаш вобастааст ва аз имону амали солеҳ иборат мебошад. Ҳамон гуна ки Ҳақ таъоло бо офариниши инсон худро аҳсан-ул-холиқин хонда, дар бораи халқи инсон низ ҳаминро гуфта, ки онро дар беҳтарин сурат ва бо зеботарин пайкар офарида ва дар тинати вай тамоми зарфиятҳои моддӣ ва пойгоҳи фитрии иртиқои маънавиро ниҳодааст. Агар аз он пой­гоҳи фитрӣ ва тинати илоҳиаш дуруст баҳра гирад, ба баландтарин қулла ва авҷи болоҳо (аъл-ал-иллиййин) мерасад, вале агар аз ҷодаи ҳақ канора гирад ва камолро аз пучиҳо ҷӯё шавад, пас, дар масири зиндагиаш дар фаросӯи пасте қарор гирифта, ба поинтарин дараҷаи пастҳо – асри санг баргаштааст.
Ҳамин уфти маънавӣ, барҳам хӯрдани таодули равонӣ ва табоҳ гардидани фитрати зебои инсонӣ дар ифодоти равоншиносонаи қуръонӣ ба асри санг таъбир шудааст ва бис­ёре аз муфассирон ибораи асри сангро ба маънои фавқ тафсир кардаанд. Дар порае аз тафсирҳо асри сангро ба маънои дӯзах ва поинтарин табақаи он низ донистаанд, яъне касоне, ки аз имон ва амали солеҳ дурӣ ҷӯянд ва дар куфру маъсият исрор варзанд, рӯзи қиёмат дар пасттарин таба­қоти дӯзах партофта мешаванд. Масалан дар бораи мунофиқон мефармояд: «Мунофиқон дар поинтарин табақаи оташ ҷой дода мешаванд» (4:145).

  • А. Боқизода. Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011.