Асфалтубетон
Зоҳир
АСФАЛТУБЕТÓН, масолеҳи бинокориест аз омехтаи шағал, рег, битум ва хокаи минералӣ. Асфалтубетонро барои рӯйпӯш кардани роҳҳо, майдонҳо, фаршҳои коргоҳҳову анборҳо ва боми биноҳо истифода мебаранд. Асфалтубетон якқабата ва дуқабата мешавад. Ғафсии асфалтубетон якқабата ба 2,5–6 см ва дуқабата ба 7,5–9,5 см баробар аст. Омехтаи асфалтубетон дар се ҳолати ҳароратӣ тайёр карда мешавад: сард (10 оC–40 оС) бо битуми моеъ, гарм (40 оС–80 оС) бо битуми андаке ғализ ва тафсон (140 оС–170 оС) бо битуми ғализ.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
/ К. Ҳомидов.