Асфори муқаддас
«АСФОРИ МУҚАДДАС» (арабӣ: اسفارمقدس ҷамъи сифр, ба маънои китоб ва фасл), фаслҳои панҷгонаи Аҳди қадим, ки қонун, асфори хамса, китобҳои панҷгонаи Мусо ва дар умум Тавротро дар бар мегирад. Таврот ва ё «Аҳди қадим» аслан аз панҷ фасл ва ё китоб (сифр), ки бар асоси гуфтаҳои яҳуд ҷавҳари ваҳйи илоҳӣ ба Мусоро ташкил медиҳанд, ба вуҷуд омадааст:
- Сифри Пайдоиш ва ё Таквин (книга Бытия), ки дар он дар бораи офариниши ҷаҳони ҳастӣ, халқи одам ва нахустин гуноҳи вай, тӯфони бузург ва саргузашти паёмбароне чун Нӯҳ, Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб гузориш дода шуда, бо зикри достони Юсуф ва муҳоҷирати хонадони Яъқуб ба Миср ба поён расидааст.
- Сифри Хурӯҷ ва ё Баромад (Исход), ки дар бораи гирифториҳои банӣ Исроил дар Миср, хурӯҷи онҳо ҳамроҳи Мусо (ъ) аз он ҷо, ду пора гаштани оби баҳр ва ҳаводиси дигаре, ки дар нимҷаз. Сайно (Сино) дар даврони саргаштагии банӣ Исроил ба вуқӯъ пайвастааст, маълумот медиҳад.
- Сифри Ловиён (Левит), ки дар он қонунҳо, расму ойин, коҳинон ва дигарон маросими динии қабилаи Ловӣ зикр гардидааст. Ин қабила ба Ловӣ писари Яъқуб мансуб буда, дар биёбони Тиҳ ба Худо ва паёмбараш Мусо (ъ) вафодор монд ва минбаъд пешвоёни яҳуд аз миёни онҳо баргузида мешуданд ва сифри Ловӣ ба баёни ҳоли онҳо ихтисос ёфтааст.
- Сифри Адад ва ё Шумора (книга Чисел), ки дар он идомаи саргузашти қавми яҳуд пас аз вафоти Мусо (ъ), ҷонишинии Юшаъ ибни Нун ва ба сарзамини Канъон расидани банӣ Исроил зикр гардидааст. Ва чун саршумори банӣ Исроил ду бор дар он зикр шуда, ба сифри Адад шинохта шудааст.
- Сифри Дуюми қонунгузорӣ ва ё Такрори шариат (Второзаконие), ки дар он баъзе қонунҳои динӣ ва маданӣ ва суханрониҳои Мусо (ъ) барои банӣ Исроил зикр шудаанд ва ба вафоти Мусо (ъ) дар биёбони Тиҳ ба поён расидааст
Ба ақидаи яҳудиён Асфори муқаддас ба худи Мусо (ъ) мансуб буда, дар давраи саргаштагии онҳо дар биёбони Тиҳ навишта шудаанд ва таърихи таълифи онҳо ба охирҳои ҳазораи дуюм ва ибтидои ҳазораи аввали то милод бармегардад, вале матни аслии Таврот ба забони ибрӣ вуҷуд надорад ва қадимтарин матни бозмонда аз он ба забони юнонӣ буда, ба садаи III то милод тааллуқ дорад. Таврот дар фарҳанги динии яҳуд умуман, ба таври шифоҳӣ ҳифз мешуд, то он ки солҳои 70–72 садаи аввали пас аз милод ба сарпарастии ҳохом Юҳнон бин Зекой аз даҳонҳо гирдоварӣ ва дар маҷмӯае тадвин гардид. Илова бар ин панҷ фасл ва ё сифр дар Таврот китобҳои дигаре низ ҳамчун фаслҳои алоҳида вуҷуд доранд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
/ А. Боқизода.
- Советский энциклопедический словарь. М. 1980;
- Боқизода А.Тафсири навини Қуръони карим. Лоҳур, 2011.