Асъади Самарқандӣ
Зоҳир
اسعد سمرقندی | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | اسعد سمرقندی |
Навъи фаъолият: | шоир |
Асъади Самарқандӣ (форсӣ: اسعد سمرقندی; Саъдуддин Асъади Наҷҷор, соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (охири садаи XII — ибтидои садаи XIII).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Наҷҷор (дуредгар) буд. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои адабӣ, масалан, «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ, Асъади Самарқандӣ аз шоирони Мовароуннаҳр будааст, ки баъд аз Султон Санҷар (ҳукмронӣ 1118—1158) зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Авфӣ ӯро чун шоири боистеъдод ва дар рубоисароӣ шуҳратманд муаррифӣ намудааст. Аз 8 рубоии дар «Лубоб-ул-албоб» омада бармеояд, ки Асъади Самарқандӣ ба мавзӯъҳои ишқ, ҳаҷв, мадҳ ва ғайра таваҷҷуҳ доштааст. Абёти зерин аз ӯянд:
- Эй зулфи ту ранг бурдаву бӯй аз мушк,
- Чавгон шудаву бурда басе гӯй аз мушк.
- Як мӯй, ки аз фарқи ту афтад ба замин,
- Фарқаш накунад касе ба як мӯй аз мушк.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асъади Самарқандӣ / Ҳ. Қаландаров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Саъди Самарқандӣ / М. Диловаров // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).