Jump to content

Асҳоби Аъроф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСҲÓБИ АЪРÓФ (арабӣ: أصحاب الأعراف (аз асҳоб ва аъроф – аърофиён, бошандагони аъроф), дар таъбири қуръонӣ одамоне дар назаранд, ки рӯзи қиёмат муддате дар минтақаи ҳоил – дар миёни биҳишту дӯзах бо номи аъроф боқӣ мемонанд. Ба қавли машҳуре, ки аз Ҳузайфа, Ибни Аббос, Ибни Масъуд ва дигарон ривоят шуда, аспи арабӣ муъминоне ҳастанд, ки некиҳо ва бадиҳояшон бо ҳам баробар буда, ҳасаноташон барои духул ба биҳишт басанда набудааст. Қуръон пас аз зикре дар бораи аҳли биҳишт ва дӯзах ба баёни аъроф ва аспи арабӣ пардохта, ҷойгоҳеро бо ин ном баён медорад, ки болотар аз дӯзахиён ва поинтар аз биҳиштиён аст ва ба тарзе дар миёнаи онҳо воқеъ гардидааст, ки бошандагони он ҳам биҳиштиёнро мебинанду мешунаванд, ҳам дӯзахиёнро асҳоби аъроф мардонеро, ки онҳоро аз симояшон мешиносанд, нидо карда, ба онҳо гӯянд: «Ҷамъи шумо ва истикборе, ки доштед, ба шумо суде набахшид?! Оё ҳаминҳоянд он касоне, ки қасам хӯрда будед, ки Худо ба онҳо раҳмате намерасонад?! Ба биҳишт дароед, ки (дигар) на хавфе бар шумо бошад ва на шумо (дар он ҷо) ғамгин мешавед!» (7:46–48)

    Ҳурони биҳиштиро дӯзах бувад аъроф,
    Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст. (Ҳофиз)

Мафҳуми аъроф ва тасаввури ҷойгоҳе дар миёни биҳишту дӯзах дар андешаи динӣ ва фароянди эътиқодии ақвоми гузашта низ решаҳои амиқи фарҳангӣ ва таърихӣ дошта, дар фарҳангҳои динии куҳан ва осори ривоятии тамаддунҳои пешин бо тобиш ва муҳтавои хоссе таҷассум ёфтааст. Дар Авесто ва баъзе осори дигари дини зардуштӣ вожаи «майсувона» ва вожаи паҳлавии «ҳамес­тагон» номи ҷойгоҳест дар дунёи дигар, ки ҳар кӣ некиҳо ва бадиҳояш баробар ва ҳамвазн бошанд, ба он ҷо медарояд. Майсувона дар луғат ба маънои «омехта» аст ва он ҷойгоҳ ба он ҷиҳат майсувона номида шуда, ки аъмоли неку бади аҳли он бо ҳам омехта аст ва ҳеч ҷиҳате бар дигаре бартар набуда. Ҳаместагон дар луғат ба маънои «ҳамеша яксон» аст ва ин аз он рӯ буда, ки некиҳо ва бадиҳои аҳли он бо ҳам баробар ва яксонанд. Дар китоби «Минуи хирад» (фасли 6/банди 18, 19) дар бораи ҳамес­тагон омадааст: «Ба ҷуз гармо ва сармо онҳоро ҳеч офати дигаре нест».
Бар асоси эътиқодоти масеҳиён низ дар миёни биҳиш­ту дӯзах манзили миёнае бо номи «пургаториюс» [Pur­gatorius] ба лотинӣ ва «лимбо» [Limbo] ба англисӣ вуҷуд дорад, ки аввалӣ ба маънои поккунанда ва дуюмӣ ба маънои ҳоил ва барзах аст. Ба андешаи динии онҳо ин ҷой­гоҳ дар миёнаи биҳишту дӯзах воқеъ гардидааст ва касе, ки гуноҳи нобахшудание анҷом дода, вале ҳангоми марг машмули афви Худованд қарор гирифта бошад, ба он ҷо бурда мешавад ва дар ниҳоят пас аз бозхости аъмоли халоиқ ба кори онҳо расидагӣ мешавад ва саранҷом ба биҳишт бурда мешавад.

  • مسندالاماماحمد. القاهرة،۱۹۹۵؛
  • ابنسعد. سننپیامبروایاماو. بیروت،۱۹۹۵؛
  • ابنهشام. سیرةالنبوی. بیروت،۱۹۹۸؛
  • المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
  • الموسوعةالعربيةالعالميةالنسخةالالکترونية. الریاض،۲۰۰۴؛
  • الدکتورمصطفیمراد. سیرةالرسول،القاهرة،۲۰۰۵؛
  • صحیحمسلم. بیروت،۲۰۰۵؛
  • صحیحالبخاری. بیروت،۲۰۰۷؛
  • دائرةالمعارفتاریخاسلام. القاهرة،۲۰۰۷