Jump to content

Асҳоби Ямин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСҲÓБИ ЯМЍН (арабӣ: أصحاب الْيَمِين аз асҳоб ва ямин – дасти рост), истилоҳи қуръонист ва нисбат ба онҳое гуфта мешавад, ки номаи аъмолашон дар рӯзи қиёмат ба дасти росташон дода мешавад. Бар асоси таълимоти Қур­ъон дар рӯзи қиёмат мардум пас аз ҳисоб ва бозхости аъмолашон барои супоридани номаи аъмол ба гурӯҳҳо ҷудо мешаванд. Қуръони Карим бандагони муъмин ва растагорро рӯзи ҳисоб дар панҷ маврид бо таъбири Асҳоби Ямин васф мекунад ва ба онҳо дуруд фиристода мешавад. Онҳо ҷамъи азиме аз пешиниён ва наслҳои бисёре аз пасиниён ҳастанд, ки бо сабукӣ мавриди бозхост қарор мегиранд ва дар манзилҳои олии биҳишт ҷой дода мешаванд.

Қуръон дар чанд мавриди дигар онҳоро ба юмну баракат ва саодату некбахтӣ ёд мекунад ва «асҳоби маймана» меномад. «Маймана» илова бар маънои «рост» ба маънои «баракат, саодат ва некбахтӣ» низ мебошад.

  • القرانالکریم. المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲،
  • ابوالفضلبهرامپور. تفسیریکجلدئمبین. قم،۲۰۱۰؛
  • مصطفیخرمدل. تفسیرنور. تهران،۲۰۱۱.