Jump to content

Атомизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Асҳоби зарра)

Атоми́зм, атомистика — таълимот дар бораи сохти атомии модда (материя).

Дунёи қадим

[вироиш | вироиши манбаъ]

Атомизм дар дунёи қадим (Ҳиндустон, Чин, Эрон, Юнон) дар натиҷаи мушоҳидаи бевоситаи ҳодисаҳои табиат (бухор, суфта ва хӯрда шудани ҷисмҳо) ва муҳокимаронии абстрактӣ ба вуҷуд омада, ғолибан ҳамчун таълимоти материалистӣ инкишоф ёфтааст. Агар ҷисмро ба қисмҳо тақсим кунем, — муҳокима мекарданд мутафаккирони қадим, — ин тақсим саранҷом ба ҷое мерасад, ки ҷисмҳои ғайриқобили тақсим ба даст меоянд. Ҳамин зарраи хурдтарини моддаро ҳиндувон «параману», чиниҳо «пи», юнониҳо «атом» (тақсимнопазир) номиданд.

Асрҳои миёна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар фалсафаи асрҳои миёнаи ислом (ки қисмати аъзами намояндагонаш эронӣ буданд) атомро ҷузъи лоятаҷаззо ё ҷавҳари фард меномиданд. Дар Ҳиндустон атомизмро мактабҳои фалсафии чорвака, аҷивика, вайшешика, санкхя ва ғайра тарғиб мекарданд. Ба ақидаи Капилла — асосгузори мактаби санкхя — олами моддӣ аз нуқтаҳои моддии беҳаҷмуандоза таркиб ёфтааст. Мутафаккирони Юнони Қадим Левкипп, Демокрит ва Эпикур олами сағиру кабирро аз атомҳо ва фазои холӣ (хало) иборат медонистаанд. Мисли он ки аз ҳарфҳои гуногуни алифбо бо тартиби муайян калимаҳои гуногун сохтан мумкин аст, атомҳои гуногун бо тартиби муайян ба ҳам пайваста, моддаҳои гуногунро ташкил медиҳанд. Атомҳо шаклу андозаи муайян доранд ва ҳамеша дар ҳаракатанд. Эпи­кур вазнро низ хосияти асосии атом мепиндошт. Таълимоти атомистии юнониҳоро Лукретсий дар достони фалсафиаш «Дар бораи табиати ашё» ҷамъбаст кардааст. Ибни Сино дар «Китоб-уш-шифо» ақидаи Демокритро дар бораи сохти атомии модда хеле равшан баён кардааст. Вале Ибни Сино ба Арасту пайравӣ намуда атомизмро маъқул наёфтааст. Ӯ тарафдори муттасил тақсимшавии модда буда, мавҷудияти фазои холиро рад мекард. Закариёи Розӣ ва Абурайҳони Берунӣ пайравони атомизми юнониҳо буданд. Дар мукотибаи Ибни Сино ва Берунӣ масъалаи мунфасилӣ ва муттасилии модда низ мавриди баҳс қарор гирифтааст, ки онҳо нуқсонҳои ақидаҳои ҳам Арасту ва ҳам Демокритро пай бурдаанд. Мутакаллимон (ниг. Калом) Атомизмро таъриф ва барои исботи қудрати илоҳӣ ва офариниши олам истифода кардаанд. Ба ақидаи онҳо атомҳо рӯҳонию фонӣ буда, ҳар сари чанд вақт аз тарафи Худо аз нав офарида мешаванд. Атомизмро аҳли тасаввуф низ ба таври худ қабул карда, бо таълимоти калом мувофиқат додаанд ва мегуфтанд, ки: дар ҳар зарра оламе ниҳон аст, зеро ҳар зарра ҷузъи рӯҳи мутлақ аст (ниг. Ваҳдати вуҷуд).

Дар асрҳои 17-18 дар Аврупо атомизм шакли механикӣ мегирад. Атомҳои моддаҳои гуногунро саққо, ҳалқа ва чангакшакл пиндошта, ба онҳо хосияти механикиро нисбат медоданд: атомҳо дар фазои мутлақан холӣ мувофиқи қонунҳои механика ҳаракат мекунанд. И. Нютон бар хилофи Х. Ҳюйгенс рӯшноиро низ аз зарраҳо (корпускул­ҳо) иборат медонист. Дар садаи XIX назарияи атомизм ба кимиё роҳ меёбад. Ч. Далтон мафҳуми «вазни атомӣ»-ро ҷорӣ мекунад (1803). Мафҳумҳои ион ва молекула пайдо мешаванд. Д. И. Менделеев ҷадвали даврии аносири кимиёиро кашф мекунад (1869—1871). Ф. Энгелс аҳаммияти атомизми ин давраро таҳлил карда навиштааст: «Давраи нав дар химия аз атомизм ва дар физика, мувофиқан ба ин, аз назарияи молекулавӣ оғоз меёбад». Кашфи ҳодисаи радиоактивият (Анрӣ Беккирел, 1895), электрон (Ҷ. Томсон, 1897) тасаввуроти онвақтаро дар бораи тақсимнопазир будани атом ба куллӣ тағйир дод. Маълум шуд, ки электрон зарраи ягонаи модда набудааст.

Пас аз кашфи назарияи квантӣ (М. Планк, 1900) ва қабул кардани мафҳуми фотон (А. Эйнштейн, 1905) давраи нави Атомизм оғоз меёбад. Атомизм падидаи электромагнитӣ, аз ҷум­ла рӯшноиро низ фаро мегирад. Модда ҳам хусусияти муттасилӣ (пайвастагӣ) ва ҳам мунфасилӣ (гусастагӣ) дорад. Рӯшноӣ ҳам мавҷ асту ҳам зарра. Зарраи модда (масалан электрон) хусусияти мавҷӣ низ дорад. Ягонагии хусусиятҳои муттасилӣ ва мунфасилии моддаро, ки ҳанӯз Ф. Энгелс пеш гузошта буд, илми муосир тасдиқ кард. Бо ҳамин мубоҳисаи Демокрит ва Арасту, Абурайҳони Берунӣ ва Ибни Сино, Нютон ва Х. Ҳюгенс бо синтези диалектикии ақидаҳои онҳо анҷом ёфт. Баъди кашфи ҳастаи атом (Э. Резерфорд, 1911) масъалаи сохти атом ба миён омад. Аввалан модели сайёравии Э. Резерфорд, сипас модели Н. Бор тасаввуроти моро дар бораи сохти атом равшан кард. Атом аз ҳаста ва қабатҳои электронӣ таркиб ёфтааст. Ҳаста аз протонҳо ва нейтронҳо иборат аст, ки онҳо дар ҷараёни таъсири мутақобилаанд ва ҳам ба нерӯи бузурге моликанд (Ниг. Энергияи атомӣ). Ғайр аз зарраҳое, ки ба таркиби атом дохил мешаванд, боз дигар зарраҳои сершуморе кашф шудаанд (позитрон, мезонҳо, ҳиперонҳо ва ғайра). Электрон ва позитрон ба ҳам бархӯрда, ба фотонҳо (зарраҳои рӯшноӣ) табдил меёбанд ва баръакс, фотон дар шароити муайяни таъсироти мутақобили электромагнитӣ бо ҳастаи атом як электрон ва як позит­рон ба вуҷуд меорад. Ин падидаро ҳамчун маҳвшуд ё офариниши модда ба қалам додаанд. Дар асл ин падидаҳо на нест шудани модда, балки аз як навъ ба навъи дигар табдилёбии онро нишон медиҳанд. Умуман атомизм зина ба зина инкишоф ёфта, асоси илмии ҷаҳонбиниро ташкил менамояд. [1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с.76-77 / М. Осимӣ.
    • Маркс К. Различие между натурфилософией Демокрита и натурфилософией Эпикура// Маркс К. и Энгельс Ф. Из ранних произведений. Москва, 1956;
    • Резерфорд Э. Строение атома и искусственное разложение элементов / Тарҷ. аз англ. М.-Ленинград, 1923;
    • Маковельский А. О. Древнегреческие атомисты. Баку, 1946;
    • Маковельский А. О. Атомистика на Ближнем Востоке // Вопросы философии. 1957, № 3;
    • Кедров Б. М. Атомистика Дальтона. М.-Ленинград, 1949;
    • Зубов В. П. Развитие атомических представлений до начала XIX в. Москва, 1965.