Асҳоби нор
Асҳоби нор (ар. أصحاب النَّار — аз асҳоб ва нор — оташ) — ин истилоҳ дар Қуръон бо ду маънӣ истифода шуда, маънои аввали он одамони аз дунё беимонрафтаи дӯзахӣ ва маънои дуюмаш фариштагони дарбони дӯзахро (ояти 31 сураи Муддассир) ифода мекунад. Асҳоби нор ба маънои аввали он хорию нигунбахтии беимонони дӯзахиро ба гунае (асҳоби ҷаҳим, асҳоби саъир, асҳоби машъама ва ғайра) таъкид ва сарзаниш мекунад. Бовар ба ҷазои аъмол дар охират ва эътиқод ба абадияти аҳли шақо дар оташ ҳарчанд дар таълимоти қуръонӣ ба таври мушаххас ва ба дур аз ҳар гуна афкори хурофие баён гардида ва имон ба он аз рукнҳои ақида ба шумор равад ҳам, вале қабули фалсафаи он ба ҳайси фароянди эътиқодӣ ба фарҳанги исломӣ маҳдуд намебошад, балки он дар зимни тамоми ақоиди динӣ ва ҳатто дар маҷмӯи эътиқодоти таҳрифгаштаи тамаддунҳои бостонӣ муҳимтарин асли ақидатӣ ба шумор меравад. Тибқи маънои дуюми Асҳоби нор Худованд барои дарбонии дӯзах ва тадбири корҳои аҳли он дар рӯзи қиёмат нуздаҳ фариштаи дурушт, сахтгир ва нерумандро гумоштааст, ки аз фармоишоти ӯ сарпечӣ намекунанд ва ба ҳар чӣ амр шавад, онро анҷом медиҳанд. (Қуръон: 66:6).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асҳоби нор / А. Боқизода // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- الدکتوروهبهالزحیلی. تفسیروسیط. دمشق،۲۰۰۰؛
- المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
- الموسوعةالعربيةالعالميةالنسخةالالکترونية. الریاض،۲۰۰۴؛
- الدکتورشوقیابوخليل. اطلسالقراناماکن،اقوام،اعلام،دمشق،۲۰۰۳؛
- مصطفیخرمدل. تفسیرنور. تهران،۲۰۱۱.؛
- ابوالفضلبهرامپور. تفسیریکجلدئمبین. قم،۲۰۱۰