Асҳоби Қаря
Зоҳир
АСҲÓБИ ҚАРЯ (арабӣ: أصحاب الْقَرْيَة) – мардуми ноҳияе, ки дар Қуръони Карим ба ҳайси яке аз қавмҳои саркаш ва умматҳои ҳалокшудаи пешин зикр гардидаанд. Достони онҳо дар сураи Ёсин дар бештар аз ду «мубин» (36:13–29) омадааст. Аз ин рӯ, дар баъзе ривоятҳо онҳоро асҳоби Ёсин низ мегӯянд. Худованд дар Қуръони карим бо зикри ин достон хостааст намунае аз таҳлилҳои дурусти иҷтимоӣ ва саҳнае аз сарнавишти ҳатмии ақвоми каҷандешро барои ҷомеаи башарӣ пешниҳод намояд ва нухбагони фикрӣ ва коргузорони давлатии миллатҳоро аз пайомадҳои бади рӯёрӯӣ бо паёмҳо ва арзишҳои динӣ барҳазар дорад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- ابنهشام. سیرةالنبی. بیروت،۱۹۹۸؛
- الدکتوروهبهالزحیلی. تفسیروسیط. دمشق،۲۰۰۰؛
- المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
- دائرةالمعارفبزرگاسلامی. تهران،۲۰۰۶؛
- سامیابنعبدالله. اطلستاريخانبياءورسولان. ریاض،۲۰۰۶؛
- تفسیرطبری. جلد۸. القاهرة،۲۰۰۷؛
- آنهطوّاقآخوندیګلشاهی. تفسیرګلشاهی. تهران،۲۰۰۸؛
- الدکتورشوقیابوخليل. اطلسالقراناماکن،اقوام،اعلام،دمشق،۲۰۰۳؛
- مصطفیخرمدل. تفسیرنور. تهران،۲۰۱۱