Асҳоби Ҷаннат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


АСҲÓБИ ҶАННÁТ (арабӣ: أصحاب الْجَنَّة аз асҳоб ва ҷаннат), дар таъбироти қуръонӣ ба ду маъно омадааст:

  • аҳли ҷаннат, ки дар рӯзи қиёмат ба биҳишт мераванд. Дар Қуръони Карим дар чандин маврид биҳиштиён ба ҳайси сокинони ҳамешагии он манзил номбар шудаанд. Ин ун­вон дар тавсифҳои қуръонӣ ба эътибори поёни неки ҳаёти олами хокӣ, саргаҳи файзу хайри мутлақе, ки накӯкорон ба он мерасанд, талаққӣ шудааст. «Асҳоби ҷаннат дар он рӯз беҳтарин ҷойгоҳ ва некӯтарин осоишгоҳро доранд» (Қуръон: 25:24).
    Бар асоси таълимоти динҳои бузурги ҷаҳонӣ сарнавишти инсон бо тамом шудани ҳаёти ин дунё ба поён намерасад ва марг ба маънои хотимаи кор ва сафар ба сӯи адам ва нобудӣ нест, балки зарфиятҳои вуҷудии коргаҳи коинот ва дошти гардони низоми офариниш рӯзе ба поён мерасанд ва Худованд ба ҷойи он низоми наверо ба гардиш дармеоварад.
    Қуръони карим барои растагории охират ва расидан ба биҳишт пайравии комил ва татбиқи амалии барномаи ҳидояти худовандиро, ки бо номи ислом шинохта мешавад, зарур мешуморад. Ин барномаи ҳидоят аз ду бахши муҳим ва таркибие иборат аст, ки бахши аввалро низоми арзишҳои эътиқодӣ ва бахши дуюмро низоми амалӣ (бахши аҳкоми шариат) ташкил медиҳанд. Қуръон бахши аввалро аксаран бо таъбири имон ва бахши дуюмро бо таъ­бири амали солеҳ баён доштааст. «Ва онҳое, ки имон оварда ва амалҳои солеҳ анҷом додаанд, онҳо асҳоби ҷаннат ҳастанд (ва) дар он ҷовидона бошанд» (Қуръон: 2:82).
  • Асҳоби Ҷаннат дар сураи Қалам ба маънои соҳибони боғе низ ба кор рафтааст, ки Қуръон достони онҳоро ба унвони намунае аз ҳирсу тамаи инсонӣ ва таъсири бади он дар сарнавишти моддии ӯ зикр намудааст. Бино ба ривояти Қуръон аҳли Макка вақте шукри неъматҳои Парвардгор, аз ҷумла неъмати ҳидоят ва биъсати Пайғамбар (с)-ро ба ҷой наоварданд ва даъвати ӯро рад намуданд, Худованд онҳоро ба муддати 7 сол бо қаҳтӣ мавриди озмоиши сахте қарор дод ва молу зироати онҳо низ аз байн рафт. Дар тафсири достони Асҳоби Ҷаннат ривояти дигаре низ омадааст, ки тибқи он пирмарди муъмине боғи пурмевае дошт. Вай ҳамасола пас аз ҷамъи ҳосил миқдоре барои ниёзи худ мегузошт ва боқимондаро ба мардуми бенаво тақсим мекард. Пас аз даргузашти ӯ писаронаш суннати ӯро зери по карда, барои бенавоён хостанд, ки чизе нагузоранд ва саҳарии барвақт меваро бичинанд. Вале шабона Худо офат ва балоеро бар боғ фуруд овард, ки онро ба хоки сӯхта табдил дод.
    Вақте саҳарии барвақт бо шитоб ба боғ омаданд ва замини сӯхтаеро диданд, ботааҷҷуб ба ҳам нигаристанд ва гуфтанд, ки аз боғ маҳрум гардидем. Шахсе аз миёни онҳо гуфт: Ба шумо нагуфта будам, ки Худоро ба покӣ ёд намоед?! Ва ба маломати якдигар пардохтанд... Дар достон нишон дода шудааст, ки ноҷавонмардӣ, тангчашмӣ ва нияти бад дари ризқро ба рӯи инсон мебандад ва ӯро ба нокомӣ ва зиёнҳои ҷуброннопазире дар зиндагӣ муво­ҷеҳ месозад. (Қуръон: 68:17–33).

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • تفسیروسیط. جلد۳. دمشق،۲۰۰۰؛
  • القرانالکریم. المصباحالمنيرفیتهذيبتفسيرابنکثير. الریاض،۲۰۰۲؛
  • الدکتوروهبهالزحیلی. الموسوعةالعربيةالعالميةالنسخةالالکترونية. الریاض،۲۰۰۴؛
  • شوقیابوخليل. اطلسالقراناماکن،اقوام،اعلام. دمشق،۲۰۰۹؛
  • ابوالفضلبهرامپور. تفسیریکجلدئمبین. قم،۲۰۱۰؛
  • مصطفیخرمدل. تفسیرنور. تهران،۲۰۱۱