Jump to content

Атавизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷанини думдори инкишофёфтаи инсон

Атавизм (лот. atavus — аҷдод, сарнасл) — дар мавҷудоти зинда (организмҳо) пайдо шудани аломатҳое, ки дар авлоди наздикашон нест, вале дар аҷдоди дури онҳо вуҷуд доштаанд. Масалан, ба вуҷуд омадани узви изофии думмонанд дар одам; дар паҳлуҳои ангушти миёнаи асп пайдо шудани ду ангушти изофӣ ва ғайра Дар раванди инкишофи фард аломатҳои хосси аҷдод баъзан то андозае такрор меёбанд. Ба ин тарз халалдор шудани инкишофи муътадил боиси дар организми болиғ то охири умр боқӣ мондани он аломатҳо мегардад. Вале дар ҷанин чунин аломатҳо пайдо шаванд ҳам, дар давраи инкишофи мин­баъда барҳам мехӯранд. Пайдо шудани аломатҳои аҷдо­ди дур ҳангоми таҷдид (регенератсия)-и узвҳо ба Атавизм мансубанд. Дар ин маврид узвҳо бо аломатҳое барқарор мешаванд, ки ба фардҳои қадим хос буданд. Масалан, дар таҷдиди думи калтакалос ҳалқаи пулакчаҳои он ба таври хеле сода ҳосил мешавад; дар мавриди таҷдиди қисми пеши тани баъзе ҳалқакирмҳо изофаҳои сармонанде ба вуҷуд меоянд, ки дар худи онҳо набуданд, вале дар авлодашон вуҷуд доштанд.