Атаксия
МКБ-10 | R27.0 |
---|---|
МКБ-9 | 781.3 |
DiseasesDB | 15409 |
eMedicine | / |
MeSH | D001259 |
Атакси́я (юн. ἀταξία — беназмӣ) — халалдор шудани низоми ҳаракатҳои беихтиёр; ба ҳамдигар мувофиқат накардани кори мушакҳо.
Барои дуруст ҳаракат ва дар ҳолатҳои гуногун мувозанат доштани ҷисм фаъолияти муштараки мушакҳо зарур аст. Ҷунба (импулс)-ҳое, ки аз мушакҳо, рагу пай ва банду буғум меоянд, ба воситаи ҳароммағз ба мағзи сар интиқол меёбанд. Барои ҳаракати борабт, хусусан ҷунбаҳое, ки аз гӯши дарунӣ меоянд, хеле муҳимманд. Дар сурати халалдор шудани яке аз қисматҳои он низоми ҳаракати мушакҳо ихтилол меёбад. Атаксия статикӣ (носозии мувозанат дар ҳоли рост истодан) ва динамикӣ (ноҷӯрии ҳаракатҳо) мушоҳида мешавад. Ҳангоми Атаксия ҳаракати аъзои бадан берабт мегарданд.
Атаксия чор навъ мешавад:
- сенситивӣ (маҳсусӣ),
- пешонавӣ,
- майначавӣ
- лабиринтӣ.
Атаксияи сенситивӣ ҳангоми ноҷӯрии силсилаи асабҳои канорӣ ба амал меояд. Аломати он нодурустии ҳаракат аст. Бемор пойҳояшро васеъ гузошта, калон-калон қадам мегузорад, базӯр пой мениҳад. Атаксияи пешонавӣ дар натиҷаи ихтилоли фаъолияти роҳҳои пешонаву майнача мушоҳида мешавад. Дар натиҷаи Атаксияи майначавӣ андозаи ҳаракат вайрон шуда, аз эътидол мебарояд (гиперметрия), иҷрои ҳаракатҳои тези пайдарпай (масалан, тез-тез чапу рост кардани кафи даст) номумкин мегардад. Бемор пойҳояшро васеъ гузошта, калавида-калавида роҳ меравад, аъзои бадан кашиш хӯрда меларзад, чашм мепарад, нутқ вайрон шуда, суст ва канда-канда ҳарф мезанад. Дар мавриди Атаксияи лабиринтӣ сарчархӣ, номураттабии мувозинати бадан ва ғайра ба назар мерасанд. Дар табобати Атаксия бемории асосиеро, ки сабабгори Атаксия шудааст, дармон кардан лозим аст. Аҳаммияти варзиши шифобахш низ кам нест.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Атаксия // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
Ин мақолаи хурд дар бораи асабшиносӣ аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |