Jump to content

Атоуллоҳхоҷаи Чапнавис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Атоуллоҳхоҷаи Чапнавис

Атоуллоҳхоҷаи Чапнавис (форсӣ: عطاءالله خواجه چپنويس‎; қарни XIX) — хаттоти форс-тоҷик ва устоди хатти настаълиқ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Бухоро. Азбаски хатро бо дасти чап ме­на­­вишт, бо номи Чапнавис машҳур гашт. Атоуллохоҷаи Чапнавис марди фози­лу донишманди замонаш буда, фанҳои дақиқ ва ҳунарҳои нафисро хуб медонист. Дар навиштани хатти настаълиқ устод буд ва услуби хос дошт. Дар мадрасаҳои Абдулазизхон ва Чорманори Бухоро аз таъ­лиму машқи хат ва фанҳои алҷабру ҳандаса дарс гуфта­аст. Асарҳои бисёреро ки­то­бат кардааст. Достони «Юсуфу Зулайхо»-и Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, ки бо хатти нас­таълиқи майда хеле зебо китобат шудааст, аз ҷумлаи он­ҳост.