Атрофия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Атрофия
Атрофия
eMedicine / 
MeSH D001284

Атрофи́я (лот. atrophia аз юн.-қад. ἀτροφία — набудани хӯрок, гуруснагӣ), лоғарӣ — ҳолати бефаъолиятӣ ва ё хурд шудани ҳаҷм ва андозаи узвҳои бадан.

Маъмулан дар вақти бемориҳои гуногун ва дар пирсолӣ ба вуҷуд омада, фаъолияти узвҳо вайрон ё тамоман қатъ мегардад. Сабаби пайдоиши атрофия бартарӣ доштани раванди диссимилятсия нисбат ба ассимилятсия аст. Атрофия физиологӣ ва патологӣ (умумӣ ва ҷузъӣ) мешавад. Атрофияии физиологӣ ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст (масалан, атрофияи ғадуди ҷоғар дар давраи расидан ба балоғати ҷинсӣ, Атрофияи ғадудҳои ҷинсӣ, пӯст, устухонҳо дар пирсолӣ ва ғайра). Атрофияи патологӣ (харобӣ, кахексия) ҳангоми камғизоӣ, бемориҳои сироятии музмин ё заҳро­лудӣ, ихтилоли фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ, сил­силаи марказии асаб, полиомиелит, атеросклерози раг­ҳои мағзи сар, таъсири омилҳои физикию кимиёӣ ва ғайра инкишоф меёбад. Атрофияи патологии ҷузъӣ сабабҳои гуногун дорад, масалан, ихтилоли танзими нейротрофӣ (атрофияи мушак­ҳои скелет ҳангоми полиомиелит), нақси гардиши хун (атрофияи қишри майна дар мавриди атеросклерози рагҳои мағзи сар), фишор (атрофияи гурда ҳангоми баста шудани роҳи пешоб ва ғайра), бе­фаъолиятӣ (атрофияи мушакҳои дасту пой бинобар муддати зиёд беҳаракат будани онҳо). Ҳан­гоми атрофия андозаи узв хурд мешавад, вале баъзан он ба сабаби афзоиши бофтаи чарбӣ, ки ҷойи унсурҳои ҳуҷайраи атрофияшударо мегирад, ба назар калон менамояд. Атрофияи патологӣ то давраи муайян табобат мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гринио Л. П. Атлас нервно-мышечных болезней. Москва, 2004.