Jump to content

Асидоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Атсидоз)
Асидоз
МКБ-10 E87.287.2
МКБ-9 276.2276.2
DiseasesDB 87
MedlinePlus 001181
eMedicine / 
MeSH D000138

Асидоз (от лот. acidus — турш), сертуршӣ, хунукмизоҷӣ — бемориест, ки дар натиҷаи ихтилоли мувозинати туршию ишқор ва дар хуну бофтаҳо барзиёд захира шудани анионҳои кислотаҳо рух медиҳад.

Асидоз талофипазир ва талофинопазир мешавад. Ҳангоми атсидози талофипазир анионҳои кислотаҳо чандон зиёд ғун намешаванд. Нишондиҳандаи ҳидрогенӣ (pH) аз ҳадди эътидол (7,35-7,45) паст намефурояд. Дар вақти атсидози талофинопазир анионҳо зиёд шуда, pH-ро хеле паст мефуроранд. Аз ҷиҳати пайдоиш атсидоз мубодилавӣ, нафасӣ, физиологӣ ва ғайра мешавад. Атсидози мубодилавӣ дар натиҷаи дар организм бар­зиёд ҷамъ шудани анионҳои кислотаҳои табхирнашаванда ё талаф ёфтани катионҳои ишқорҳо (масалан, дар вақти касалии қанд, гуруснагӣ, кампешобӣ, дарунравӣ, таб) ба вуҷуд меояд. Атсидози нафасӣ дар натиҷаи бо нафас кам хориҷ шудани кислотаи карбонат (масалан, дар вақти варам ва газаки шуш, пажмурдашавии шуш, фалаҷи бачагона, заҳролудӣ аз доруҳои наркозӣ ва ғайра) рух медиҳад. Атсидози физиологӣ хосси навзодҳо буда, аз лаҳзаҳои аввали таваллуд маълум мегардад ва чанд рӯз давом мекунад.

Аломатҳои атсидоз: хоболудӣ, саргаронӣ, иғмо, нафасгирии номуътадил, номураттабии кори дил, рагҳо, гурда ва ғайра Барои муолиҷаи атсидоз аввал сабабҳои онро рафъ сохтан лозим аст (масалан, истифодаи инсулин ҳангоми касалии қанд).

  • Шукуров Ф. А. Общая физиология. Душанбе, 1999;
  • Шукуров Ф. А. Краткий курс нормальной физиологии. Душанбе, 2006.