Афазия
Афазия | |
---|---|
Ихтисос | Асабшиносӣ, neuropsychology, Логопедия |
МКБ-10 | F80.0-F80.2, R47.0 |
---|---|
МКБ-9 | 315.31, 784.3, 438.11 |
DiseasesDB | 4024 |
MedlinePlus | 003204 |
eMedicine | neuro/437 |
MeSH | D001037 |
Афази́я (аз юн.-қад. ἀ- — ҳиссачаи инкорӣ ва φάσις — гуфтан, гап задан), лолӣ — вайрон шудани қобилияти гапзанӣ ва талаффуз.
Дар натиҷаи афазия қобилияти фикрро бо сухан фаҳмондан, онро фаҳмидан ва бо ашё ё ҳодисаҳои маълум алоқаманд намуда донистан халал меёбад. Афазия дар беморони бо дасти рост коркунанда аз осеби қисми муайяни қишри нимкураи чапи мағзи сар ва дар беморони бо дасти чап коркунанда аз осеби қисми муайяни қишри нимкураи рости мағзи сар рӯй медиҳад.
Навъҳои асосии афазия инҳоанд: афазияи ҳаракатӣ (таҳрикӣ) — маънои суханро фаҳмидан, вале гап зада натавонистани бемор; афазияи сенсорӣ (эҳсосӣ) — нофаҳмида сафсата гуфтан, сухани дигаронро нафаҳмидан ва фаромӯш кардани ашё; боиси тадриҷан нест шудани нутқ мегардад. Афазия бештар дар натиҷаи сактаи мағзи сар, сарсом, энсефалит, думбал ва ғайра сар мезанад. Афазия ба рушди умумии кӯдак низ халал ворид месозад. Бо мақсади муолиҷаи афазия рафъи бемории асосӣ ва таълими логопедӣ зарур аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Афазия // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Цветкова Л. С., Глозман М. Афазия и восстановительное обучение. Москва, 1985.