Хайрулло Афзалов
![]() |
Афзалов Хайрулло | |
Таърихи таваллуд | 10 декабр 1948 |
Зодгоҳ | Балҷувон |
Таърихи даргузашт | 10 феврал 2011 (62 сол) |
Фазои илмӣ | педагогика |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Хайрулло Афзалов (тав. 12.10.1945, деҳаи Пуштаи Зардолуҳои ноҳияи Мирсаййид Алии Ҳамадонӣ – 10.02.2011, Душанбе) - олим, доктори илмҳои педагогӣ (1992).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи шуъбаи форсии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1968). Муаллими мактаби миёна дар шаҳри Душанбе (1968–71), аспиранти Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогикаи умумии Академияи илмҳои педагогии ИҶШС (1971–73), мутарҷим-мушовири шӯравӣ дар Эрон (1973–76), муаллим, мудири кафедра, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1977–98), корманди шуъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998–2005), директори Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2005–2009).
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Афзалов оид ба масъалаҳои мактаб, маориф ва афкори педагогии бузургони форс-тоҷик таҳқиқот анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 50 асару мақолаи илмист.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Школа и педагогическая мысль в Иране в конце XII–XX вв. Д., 1992;
- Таърихи педагогикаи халқи тоҷик (китоби дарсӣ). Д., 1994;
- Системаи маорифи халқ дар мамлакатҳои мутараққӣ ва рӯ ба тараққӣ ниҳода. Д., 1998;
- Таърихи педагогикаи тоҷик. Д., 2002; Школа Ирана в 60–70-х годах XX века. Д., 2002.
Мукофоту ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Манбаъ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.