Jump to content

Афисидҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Афисидҳо (аз лотинӣ aphis – ширинча ва caedo – мекушам, маҳв мекунам) — моддаҳои кимиёие, ки барои нобуд кардани ширинчаҳо ба кор бурда мешаванд. Сайфое, пиримор, рогор, антио, метилмеркаптофос, метафос ва карбофос аз ҷумлаи афсидҳои маъмуланд. Афсидҳо дар ҳалкунандаҳои органикӣ нағз ва дар об бад ҳал мешаванд. Дар мубориза бо дигар ҳашароти маканда, инчунин бар зидди баъзе зараррасонҳои хоянда низ истифода бурдан мумкин. Ҳангоми истифодаи афсидҳо либоси махсус пӯшидан лозим аст.