Jump to content

Афлотуния

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Афлотуния — равияи идеалистӣ дар фалсафа, ки аз таълимоти Афлотун ибтидо мегирад.

Мазмуни асосии афлотуния — назарияи ғоя (мусул, идея)-ҳост. Афлотуния ғояро чун мафҳуми мантиқии куллию зиндае медонист, ки принсип ва усули идроки ҳар яке аз ашёро дар бар гирифта, дорои сохти бадеии хос ва ҷавҳари махсус мебошад. Материя барои афлотуния инъикос ва судури ғоя аст. Баъди вафоти Афлотун ғояҳои афлотунияро Академияи Афлотун (ниг. Мактабҳои фалсафӣ) инкишоф медод. Дар садаи I то милод Посидоний дар асоси тафсири «Тимей»-и Афлотун роҳи ба низом (система)-и муайян даровардани афлотунияро пешниҳод кард. Ин афлотунияи равоқӣ (стоикӣ) ба илоҳиёти Филон, гностисизм, герметизм ва патристикаи ибтидоӣ дар асрҳои 2-3 милод, ба таълимоти Нумений такя ва муддати тӯлонӣ амал мекард. Ба муқобили афлотунияи равоқӣ равияи ба Арасту рағбатдошта баромада, дар садаи III бо ёрии фалсафаи назарӣ ва диалектикаи худ асотири равоқии афлотунияро мағлуб сохт. Антиохи Асқалонӣ бо ахлоқи равоқия дар дохили Академия мубориза мебурд. Аммоний Саккас баъдтар бо услуби Афлотун ва Арасту таълимоте дар бораи олами идеалӣ созмон дод ва таълимот оид ба рӯҳро аз усули натурализми равоқӣ озод кард. Аз садаи I то милод афлотуниён Арасту ва пифагореизмро истифода карда, бо ҳама унсурҳои натурализм, ки дар худи Афлотун низ боқӣ монда, дар давраи эллинизм ба туфайли фаъолияти равоқиён, пайравони эпикуреизм ва шаккокиён мустаҳкам шуда буданд, муборизаи қатъӣ мебурданд. Натиҷаи ин муборизаи сеасра пайдоиши навафлотуния (асри 3 милодӣ) буд. Ба фалсафаи асрҳои миёна ва Эҳё афлотуния дар шакли навафлотуния таъсир расондааст (Августин, Ареопагитикаҳо, Иоанн Скот Эриуген, Ибни Рушд, мактаби Шартр, Экхарт, Николаи Кузанӣ, Плифон, Фичино, Пико делла Мирандола, Ҷ. Бруно). Фалсафаи идеалистии Аврупои давраи наву навтарин дар зери таъсири бевосита ё бавоситаи афлотуния инкишоф ёфтааст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • История философии. Т. 1. М., 1940;
  • Лосев А. Ф. История античной эстетики. Высокая классика. М., 1974;
  • Асмус В. Ф. Платон. М., 1975;
  • Manasse E. M. Platon Literatur. Tiib. 1957;
  • Cameron A. Lafin de l Academie // Le neoplatonisme. P., 1971.