Гностисизм
Гностиси́зм (аз юн.-қад. γνωστικός — «дарккунанда», «ориф»; γνῶσις — «маърифат», «дониш») — ҷараёни мазҳабӣ ва фалсафию ирфонист, ки аз омезиши асотири юнонию румӣ, афкори эронию бобилӣ ва ривоятҳои мазҳабии масеҳию яҳудӣ иборат буда, дар садаи I дар Шарқи Наздик пайдо шуд ва дар садаи II дар қисмати ғарбии Эрон нуфуз дошт.
Таъриф
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърифи гностисизм аз таърифи «миститсизм» тақрибан фарқ надорад, вале гностисизм шомили фақат ойинҳои розвариест, ки то пайдоиши навафлотуния дар сарзамини Шарқ арзи вуҷуд намуда буданд ва ирфон, ба маънои пурраи он, дар Ғарб бештар бо номи «миститсизм» машҳур аст.
Дар гностисизм маъмулан се равияро ҷудо мекунанд:
- гностисизми масеҳӣ, ки осораш дар асарҳои бидъатомези нахустин масеҳиён ва ҳуҷҷатҳои Наг-Ҳаммадӣ (пайдошуда аз соҳили чапи дарёи Нил) ба мушоҳида мерасад;
- гностисизми ибтидоии асрҳои 1–3;
- мандоизм (дар забони оромӣ «манда» маънои «гносис»-ро дорад), ки асрҳои 2–3 ташаккул ёфта, инкишофи мустақили гностисизмро дар заминаи сомию бобилӣ фароҳам овард.
Дар осори фалсафии Васил (Сурия), Валентин (Миср), Карпократи Александрӣ, Маркисни Понти гностисизм ба авҷи аълояш расид.
Гностикҳо ҷисмро зиндони рӯҳ шумурда, моварои олами махсусро ҳамчун роҳи воқеӣ ва наҷотбахш ҷустуҷӯ менамуданд. Ирфони «гносӣ» тазодди байни рӯҳу модда ва нуру зулматро танҳо дар наҷоту раҳоии инсон аз зиндони модда мешуморид ва дар фарози олами шар мавҷудияти олами дигареро талқин мекард, ки дарк намудану расидан ба он наҷоти абадии инсонро имконпазир месохт.
Мувофиқи таълимоти гностисизм «гносис» ягонагии касрати мавҷудот, олами улвӣ, наҷот ва камолоти шахсиро талқин менамояд. Сирре, ки дар олам ниҳон аст, фақат барои баъзе одамони аз ҷиҳати маънавӣ камолёфта ошкор мешавад. Ин сир ба ҳастӣ, ба ягонагии тамоми олам хос аст ва рукни асосии он ягонагӣ бо олами рӯҳонист, ки бо роҳи махсуси фавқулақлӣ дарк мешавад. Худошиносӣ дар гностисизм бо кашфи мабдаи асосӣ ба итмом мерасад, зеро дар зинаи ягонагӣ худшиносӣ аз худошиносӣ фарқе надорад. Аз ин рӯ, инсон тавассути дарки «Ман» оламу ҳар чиро, ки дар он буд, ҳаст ва мешавад, дарк менамояд. Мақсади дониш дар ин маврид нишон додани роҳи халосӣ ва наҷот аз олами зулмонӣ мебошад. Гностикҳо инчунин таъкид мекарданд, ки инсон бо роҳи ғайритабиӣ ба ҳодисаю воқеа ва шахсони алоҳида таъсир расонда метавонад. Ин нуктаи таълимоти онҳо баёнгари ба сеҳру ҷоду ва саноати танҷим боварӣ доштани онҳост.
Хусусияти аз ҳама муҳимми гностисизм санавият (дуализм)-и космогонии он мебошад. Тибқи он олам аз файзи таҷаллии ишроқоти доимӣ, ки аз манбаи нур содир мешавад, маротиби нузулиро тай мекунад. Зинаи охирин ва ниҳоии он олами моддӣ ё худ зулмонӣ мебошад. Ин олами ҷисмонӣ тавассути отифаи илоҳии мавҷуд дар колбади инсон боз ба олами нуронӣ хоҳад рафт. Ин ҷо муборизаи хайру шар ва равшаноию торикӣ баръало мушоҳида мегардад.
Инсон дар таълимоти гностикӣ мақоми муҳим дошта, ба ҳайси мазҳари олам зоҳир мешавад. Худи инсон зодаи олами дуни ҳастӣ бошад ҳам, ҷавҳари ӯ хусусияти илоҳӣ дорад, зеро нафси ӯ ба олами фарокайҳонӣ мансуб аст. Робитаи инсон бо мабдаъ тавассути тааммули амиқи ақлӣ ва илҳоми илоҳӣ сурат мегирад. гностисизм одамонро ба се гурӯҳ – ҷисмонӣ, нафсонӣ ва рӯҳонӣ ҷудо мекунад. Ба аввалӣ мардуми авом (бутпарастон)-ро мансуб медонад, ки оқибат ба марг маҳкуманд. Ба гурӯҳи дуюм аксаран яҳудиён ва масеҳиён дохил карда мешуданд, ки ба умеди наҷот аз олами зулмонӣ ҳаёти зоҳидонаро пеш мегирифтанд. Ба гурӯҳи сеюм афроде мутааллиқ буданд, ки аз ҷиҳати равонӣ бо Худо иртиботи мустақим доштанд. Маҳз чунин одамонро «гностик» меномиданд.
Бинобар хеле мураккаб будани моҳияти таълимоташ гностисизм дар байни омма интишор наёфт ва дар мубориза бо масеҳият мағлуб шуда, аҳаммияти пештараашро аз даст дод. Муҳаққиқоне, ки анъанаи калисоро тарғиб мекарданд, гностисизмро танҳо ба масеҳияти ибтидоӣ мансуб медонанд. Зеро он пеш аз масеҳият дар таълимоти Афлотун, Порфирий ва навафлотуниён ба вуҷуд омада буд ва бо масеҳият чандон созгорӣ надошт, балки онро рақиби худ мешуморид. гностисизм яке аз манбаъҳои асосии ғоявӣ дар ташаккули афкори ирфонӣ ва андешаҳои пантеистӣ дар Шарқ, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ ва Эрон дар асрҳои миёна гардид. Он ҳамчунин барои ба вуҷуд омадани бисёр равияву ҷараёнҳои мулҳидонаю бидъатомез дар афкори маънавии асримиёнагии ҳам Шарқу ҳам Ғарб ғизои маънавӣ бахшидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Соколов В. В. Средневековая философия. М. , 1976;
- Трофимова М. К. Историко-философские вопросы гностицизма. М. , 1976;
- Сидоров А. И. Гностицизм и философия. Религии Мира. М. , 1982;
- Ҳазратқулов М. Ориёиҳо ва тамаддуни ориёӣ. Д. , 2006;
- رضی هاشم. حکمت خسروانی. تهران، 1379 ه. ش.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гноститсизм / М. Ҳазратқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.