Jump to content

Афсурдарӯҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Афсурдарӯҳӣ
ИхтисосРавонпизишкӣ Edit this on Wikidata
Афсурдарӯҳӣ
МКБ-10 F3232., F3333.
МКБ-9 296296
OMIM 608516
DiseasesDB 3589
MedlinePlus 003213
eMedicine med/532 
MeSH D003865

Афсурдарӯҳӣ, депре́ссия (аз лот. deprimo) — бетобиест, ки бо ихтилоли фаъолияти рӯҳӣ (рӯҳафтодагӣ) ва ҷисмонӣ, сустии ҳаракат, ихтилоли узвҳои ҳозима ва хоб зоҳир мегардад.

Дараҷаҳои гуногуни аломатҳои афсурдарӯҳӣ мушоҳида мешаванд. Масалан, рӯҳафтодагӣ бо андӯҳ, гум шудани шавқу ҳавас, ғами гарон ва хоҳиши марги хеш; сустии фаъолияти рӯҳӣ бо «заифӣ»-и тафаккур, иҷро карда натавонистани корҳои фикрӣ; заифии ҳаракат бо андаке бемадорӣ ва дар як вазъият соатҳо «шах шуда мондан»-и бемор ва ғайра Вобаста ба зуҳуроти аломатҳо афсурдарӯҳӣ сабук ва изтиробӣ мешавад. Дар рафти афсурдарӯҳии изтиробӣ андӯҳ бо «ошӯби ҳаракат», хурӯҷи яъсу ноумедӣ ҷӯр мегардад. Ин қабил беморон қиёфаи хос доранд: беист ба як нуқта нигоҳ мекунанд, имову ишораашон ноқис, ҳаракаташон суст аст. Бар хилофи муваққатан паст шудани тонуси рӯҳию физиологие, ки аслан ба шароити беруна вобаста буда, ба одамони солим хос аст, афсурдарӯҳӣ бетобии устуворест, ки ҳатто баъди бартараф шудани сабабҳои пайдоиш низ метавонад идома ёбад. Ба устувории афсурдарӯҳӣ хастагии тӯлонӣ, садамаи рӯҳии кашолёфта (ба ном афсурдарӯҳии бемадорӣ), аз сар гузарондани ғаму кулфат (ба ном афсурдарӯҳии мутаассирӣ) мусоидат мекунанд. афсурдарӯҳии одамони калонсол имкон дорад, ки баъди баъзе бемориҳои сироятӣ (масалан, грипп) инкишоф ёбад. Бе назорати духтур ва бисёр истеъмол намудани доруҳо, хусусан доруҳои таскинбахш низ афсурдарӯҳии тӯлониро ба вуҷуд меоварад. Шахсони рӯҳан заиф ва ноустувор (беморони невроз, психопатия, ашхосе, ки зарбу лат хӯрдаанд, майзадагон) зуд гирифтори афсурдарӯҳӣ мешаванд. Афсурдарӯҳӣ бетобиест, ки ҳамеша ба муолиҷа эҳтиёҷ дорад. Азбаски шахси афсурдарӯҳ дар бораи муҳити иҷтимоӣ идрок ва ақидаи хос дорад (ба ном тафаккури депрессивӣ), ӯ зудранҷ мешавад. Вақте ки «ҳама чиз сиёҳ метобад», аз баҳонаи андак ҷанҷол бармехезад ва боиси қатъи алоқа бо одамони наздик ва ҳатто худкушӣ мегардад. Дар аснои авҷ гирифтани афсурдарӯҳӣ беморонро, маъмулан, дар касалхона табобат мекунанд. Ҳангоми муолиҷаи дармонгоҳӣ (амбулаторӣ) ба ҷо овардани дастурҳои духтур оид ба тартиби қабули дору, режим ва хӯрок бечуну чаро зарур аст.

  • Наталевич Э. С., Королев В. Д. Депрессии в начальных стадиях гипертонической болезни. Минск, 1988;
  • Депрессия, хроничес­кая боль и ревматологическая практика. М., 2001;
  • Евсегнеев Р. А. Распознавание и лечение депрессий в общемедицинской практике. Минск, 2002.