Jump to content

Афшуракашак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Афшуракашаки барқӣ
Афшуракашаки барқӣ

Афшуракашáк — афшурагирак, асбобест барои ҷудо кардани афшураи меваҷот ва сабзавот.

Афшуракашак махрутӣ, тобдиҳанда, фишангдор, шнекӣ ва барқӣ мешавад. Афшуракашаки махрутӣ нисбатан сода буда, онро аз шиша ё пластмасса месозанд; барои гирифтани оби меваҳои ситрусӣ (лиму, афлесун) истифода мешавад. Лиму ё афлесунро аз байн бурида, як ҳиссаашро бо тарафи буридашуда рӯйи махрут мегузоранд ва ин тараф он тараф гардонда, то пурра баромадани об пахш мекунанд. Ҳангоми истифодаи афшуракашаки тобдиҳанда тилфи меваи аз турбтарошак гузаронда ё ғуҷуммеваро ба рӯйи симтӯр ниҳода, бо мангана пахш мекунанд ва обашро мегиранд. Афшуракашаки фишангдор шаклан ба чойкаш монанд буда, ба воситаи даста (мангана) бо часпак васл шудааст. Ба даруни чойкаш зарфи устувонашакл гузошта, ба он тилфи аз турбтарошак гузаронидаи сабзавот ва ғуҷуммеваро меандозанд. Баъд болояшро бо мангана-сарпӯш маҳкам карда, дастакро пахш мекунанд. Афшуракашаки шнекӣ шабеҳи гӯштқимакунак буда, ба канораи миз устувор карда мешавад.

Тарзи коркард

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои гирифтани оби ғуҷуммева (қот, тамашк, қулфинай, ангур ва ғайра) пешбинӣ шудааст. Меваи шустаро ба афшуракашак меандозанд, афшура аз симтӯр гузашта, ба зарфи зери он мешорад (тилфаш алоҳида ҷудо мешавад). Бо афшуракашаки барқӣ афшураи меваву сабзавоти сахтро ҷудо мекунанд. Солҳои охир асосан афшуракашакҳои барқиро, ки дар як вақт чанд корро иҷро мекунанд ва истифодаашон низ осон аст, кор мефармоянд.[1]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.130