Ахбору-л-уламо би ахбори-л-ҳукамо
Унсури холии Викидода |
«Ахбóру-л-уламó би áхбори-л-ҳукамó», ё «Таърих-ул-ҳукамо» (ар. إخبار العلماء بأخبار الحكماء) — асари муаррихи мисрӣ Ҷамолуддин Ҳасан ибни Қифтӣ роҷеъ ба таърих.
Мундариҷа
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Он шомили зиндагиномаи файласуфон, риёзидонон ва табибони юнонию исломӣ аз замони қадим то аҳди зиндагии муаллиф мебошад. «А.» баъди соли 1227 таълиф шуда, вале мутаассифона, асли он аз байн рафтааст. Дар соли 1249̸50 шахсе бо номи Муҳаммад ибни Алӣ ибни Муҳаммад Хатиби Зузанӣ мухтасаре аз он асарро бо номи «ал-Мунтахабот-ул-мултақитот мин китобин «Таърих-ул-ҳукамо» фароҳам овард. Ҳамин асар маъмулан «Таърих-ул-ҳукамо» номида мешавад. Он зиндагиномаи 414 тан аз донишмандону мутафаккиронро дар бар мегирад, ки онҳо бо тартиби ҳуруфи «ҳиҷо» мураттаб гардида, дар ҳар ҳарф ашхос бар ҳасби тақаддум ҷой дода шудаанд. Юлиус Типерт дар идомаи кори таҳқиқии А. Мюллер соли 1903 асари мазкурро дар Лейбсиг ба чоп расонд. Дар ҳошияи он ду нафар олими Ғарб мулоҳизоти худро нисбат ба китоб чоп кардаанд. Дар замони шоҳ Сулаймони Сафавӣ Мирзо Муҳаммадиброҳими Муставфӣ онро ба форсӣ тарҷума кард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- محمد علی طبری. زبدة الآثار. تهران، 1372
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.