Jump to content

Ахборӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Ахборӣ

Ахборӣ (форсӣ: اخباری) Мирзо Муҳаммад Абуаҳмад Ҷамолуд­дин (1732–1817) — фақеҳ, муҳаддис ва яке аз поягузорони мактаби ахбория. Ахборӣ бо фақеҳону муҷтаҳидони усулӣ сахт даргир шуд ва аз фишори онҳо Ироқро тарк кард. Муддате дар Эрон зиндагӣ кард. Вақте ба Ироқ омад, бо суфиёну мухолифин ба баҳсу мунозира пардохт. Усулиёну мухолифони Ахборӣ даъвои ҳукми қатли ӯро карданд ва чун ба ин мақсадашон ноил нашуданд, гурӯҳе ба хонаи ӯ ҳуҷум овар­да, ӯро ҳамроҳи фарзандаш Аҳмад ва яке аз шогирдонаш ба қатл расонданд. Ахборӣ китоби зиёде аз худ боқӣ гузоштааст.

Осори Ахбориро муҳаққиқон иборат аз 20 китоб, 56 рисола ва 2 девони шеър медонанд.

Китобҳои ӯ, ки то имрӯз ба табъ расидаанд, иборатанд аз «Оинаи Аб­босӣ» дар намоиши ҳақшиносӣ (радди ақоиди яҳуд, насоро, маҷус ва исботи нубувват); «Иқоз-ун-набия» дар улуми фиқҳ; «Давоир-ул-улум»; «ал-Бурҳон фӣ такомили ва-л-баён» дар ташйиди маслаки ахборӣ; «Фатҳ-ул-боб» ва «Масодир-ул-анвор» дар масоили фақеҳӣ. Ба ҷуз китобҳои номбаршуда якчанд рисола дар шакли дастнавис низ вуҷуд дорад. Дар онҳо масоили таърихи пайдоиши иҷтиҳод, амал ба ахбор ва исботи имомат ба равиши ахборӣ ва ғайра мавриди баррасии муаллиф қарор гирифтаанд.

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.133