Ахлоқи Муҳташамӣ
Унсури холии Викидода |
«Ахлоқи Муҳташимӣ» (форсӣ: اخلاق محتشمی) — асари Насируддини Тусӣ доир ба ахлоқ.
Он ба забони форсӣ дар 40 боб навишта шудааст. «Ахлоқи Муҳташамӣ» бо услуби «Ахлоқи Носирӣ»-ст. Муаллиф дар «Ахлоқи Муҳташамӣ» аввал оёти муносиберо аз Қуръони маҷид оварда, баъд ҳадисҳои набавӣ ва гуфтаҳои муносибе аз бузургонро ҷой дода, сипас назароти худро иброз медорад. Дар «Ахлоқи Муҳташамӣ» орову афкор ва суханони ҳакимонаи бузургони Эрону Юнон борҳо бамаврид зикр шудаанд.
Ба ақидаи баъзе муҳаққиқон «Ахлоқи Муҳташимӣ» замоне нигошта шудааст, ки муаллиф бо фирқаи исмоилия, бахусус бо яке аз бузургони он Носируддин Абулфатҳ Абдурраҳим ибни Абимансур — раис ва муҳташими Қаҳистон робита доштааст. Аз тарафи дигар Носируддин ба унвони шахси кариму фозил ва донишпарвару фазлдӯст маъруф будааст. Илова бар ин Мирзоҳасанхони муҳташиму-с-салтана, ки дар садаи XX зистааст, асаре бо номи «Ахлоқи Муҳташимӣ» дорад, ки соли 1314 ҳ. ш. ба табъ расидааст. Дар баъзе манбаъҳо фақат асари «Муҳташиму-с-салтана» ва дар баъзеи дигар асари Хоҷа (Носируддин) зикр шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ахлоқи Муҳташамӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.