Насируддини Тӯсӣ
форсӣ: محمد بن محمد بن الحسن الطوسی | |
Таърихи таваллуд | 18 феврал 1201[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 26 июн 1274[1][2] (73 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ, илми калом, фалсафаи исломӣ, риёзиёт, кимиё, зистшиносӣ, физик, пизишкӣ, фалсафаи ахлоқ, фалсафа, таърих, ҳуқуқ, илоҳиёт, ҷуғрофиё, мусиқӣ, нуршиносӣ, конишиносӣ, улуми ғариба[d] ва илм |
Ҷойҳои кор | |
Шогирдон | Абдулкарим ибни Товус[d], Наҷмуддини Қазвинӣ, Қутбуддини Шерозӣ, Аллома Ҳиллӣ, Ибни Фуватӣ, Шамсуддини Бухорӣ[4] ва Ибни Шарафшоҳи Астарободӣ |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ машҳур ба Хоҷа Насируддин (форсӣ: محمد بن محمد بن الحسن الطوسی; 18 феврал 1201[1][2], Тус, Давлати Исмоилия[d][3][1] — 26 июн 1274[1][2], Козимин[d], Бағдод, Элхониён[d][1]) — шоир, ҳамадон, файласуф, мутакаллим, фақеҳ, ахтаршинос, андешаманд, риёзидон, мунаҷҷим, пизишк ва меъмори форс-тоҷик[5][6][7][8][9][10][11][12][13][14].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хоҷа Насриддини Тӯcӣ яке аз саршиностарин шахсиятҳои таърихи ҷараёнҳои фикрии исломист. Улуми динӣ ва ақлиро зери назари падараш ва мантиқу ҳикмати табииро назди тағояш омӯхтааст. Таҳсилотшро дар Нишопур ба итмом расонда, дар онҷо ба унвони донишманде барҷаста овоза ёфт. Ӯ дар замони ҳамлаи Муғул ба Эрон дар пеш Носируддин, муҳташами Қӯҳистон, ба корҳои илми хеш машғул шуд. Дар ҳамин замон Ахлоқи Носириро навишт. Пас аз муддате ба назди Исмоилён дар Дижи Аламут нақли макон кард, аммо пас аз юриши Ҳулокуи муғул ва поён ёфтани фармонравоии Исмоилён Ҳулоку Насируддинро мушовир ва вазири худ сохт, то ҷое, ки Ҳулокуро ба тозиш ба Бағдод ва сарнагунии Аббосиён ёрӣ намуд[15].
Саҳми илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Хоҷа Насируддини Тусӣ аз лиҳози азамати шахсият дар шумори симоҳои мумтози илму адаби форсу тоҷик, ислом ва тамоми башарият ба шумор меравад. Хоҷа Носир аз ҷумлаи навобиғ ва донишмандони ҷаҳон аст, ки ҷамеи улуми асри хеш фаро гирифта ва осори вай аз лиҳози дақиқназарӣ ва азамати илмӣ ҳамвора маҳалли руҷӯъ ва мавриди истиноди аҳли қалам ва асҳоби илму таҳқиқ қарор гирифтааст.
Саҳми Насируддини Тусӣ дар сохтани расадхонаи Мароға бузург аст. «Расадхонаи мазкур дорои бузургтарин китобхона ва лавозимоти гаронбаҳо буда ва дар он донишмандони бузурги Эрон ва аз дигар мамолики Машриқзамин, минҷумла Чин кор мекарданд» (В. В. Бартольд). Олимони шарқшиноси рус А. П. Юшкевич ва В. Ф. Коган оид ба масоили риёзӣ, ба таърихи пажӯҳиши масоили риёзиёт дар Осиёи Миёна ва оид ба асосҳои геометрия натиҷаҳои ҷолиб ба даст овардаи Тусиро қайд намуда дар манбаъҳои илмии Аврупо ҳамчун олими соҳаи улуми дақиқ муаррифӣ намудаанд. Осор ва афкори фалсафии Насируддини Тусӣ мавриди таҳқиқи олимони Эрон ва Тоҷикистон қарор гирифта, муҳаққиқин асосан Тусиро ба сифати олими соҳаи ҳикмат ва мантиқ муаррифӣ кардаанд. Насируддини Тусӣ дар илми забоншиносӣ аз аввалинҳое мебошад, ки ба масъалаҳои тадқиқи калима ҳамчун аломати ифодаи моҳияти ашё, ҳодисаҳои лексики сермаъноии калимоти муттародифа ва муттабоина, ҳодисаи сермаъноии калима, роҳҳои сермаъношавии калимаҳо, роҳҳои фарқи калимоти ҳаммаъно ва гуногунмаъно ва ғайра ақидаҳои ҷолиб баён намудааст. Яке аз махсусиятҳои осори илмӣ ва адабии Насируддини Тусӣ назари хоси ӯ ба шеър ва хусусиятҳои он низ мебошад[16].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Осори ӯ дар ҳавзаҳои ахлоқ, мантиқ, фалсафа, риёзиёт ва нуҷум бештар ба забони арабӣ ҳастанд. «Ахлоқи Носирӣ», «Асосу-л-иқтибос» (дар мантиқ), «Таҳрири Уқлидус» (дар ҳандаса), «Зиҷи элхонӣ» ва «Тазкира фӣ илми-л-ҳайъат» (дар нуҷум), «Тансуқнома» (конишиноси), «Ҷавомеъу-л-ҳисоб би-т-тхату-т-туроб», рисолаи «аш-Шофеъия», «Шаклу-л-қитоъ» (ҳандаса) ва «Кашфу-л-қиноъ ан асрори шаклу-л-қитоъ» (мусалласот) бархе аз муҳимтарин китобҳои ӯ ҳастанд. Ӯ нахустин касе буд, ки мусалласотро бидуни корбурди қазияи Манлоус ё нуҷум тавсеа бахшид. Ҳам ӯ буд, ки қазия синусҳоро, ки рӯйдоди барҷаста дар таърихи риёзиёт аст, ба равшанӣ баён кард. Мактаби ҷуфти куравии Тӯcӣ дар нуҷуми давраи исломӣ машҳур аст. Ӯро мазҳари нахустин марҳалаи таркиби тадриҷии мактабҳои машоӣ ва ишроқӣ медонанд. «Ахлоқи Носирӣ»-и Хоҷа қарнҳо роиҷтарин китоби ахлоқӣ байни мусулмонони Эрону Ҳинд будааст. Аз дигар осори ӯ метавон ба «Таҳрири Муҷастӣ», «Бист боб дар маърифати устурлоб», «Сӣ фасл дар тақвим» ва «Авсофу-л-ашроф» ишора кард. Хоҷа пас аз 75 сол зиндагӣ дар Козимин дар гузашт ва дар ҷавори имом Мӯсои Козим (а) ба хок сипурда шуд. Ӯ беш аз ҳар фарди дигаре мояи эҳёи улуми исломӣ ва мазҳаби шиа будааст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Диноршоев М. Философияи Насируддини Тусӣ.- Душанбе: Дониш, 1968.
- Мамадбейлӣ Г. Д. Основатель Марагинской обсерватории Насируддини Тусӣ — Баку, 1961.
- Резенфельд Б. А. О математических работах Насируддина Туси.- В кн.: "Историно-математических исследования, вып, 4. М.-Л.,1951.
- Юшкевич А. П. История математики в средние Азия.-М, 1961; Математики народов Средней Азии в Х-ХV в. В кн.: Историко-математические исследования, вып. 4, М.-Л., 1951.
- Коган В. Ф. Основания геометрии.- М.- Л., 1949.
- Мухаммад Тақии Мударриси Разавӣ. Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддини Тусӣ.- Теҳрон, 1386.
- Саид Нафисӣ. Ашъори форсии Хоҷа. — Дар маҷ. Ёдномаи Хоҷа Насируддини Тусӣ.- Теҳрон, 1335.
- Ёдномаи Хоҷа Насируддини Тусӣ.- Теҳрон, 1335.
- «Офтоби Шарқ». Маҷмӯаи мақолоти илмии авввалин Кeнгураи байналмилалии Хоҷа Насируддини Тусӣ.- Теҳрон, 1386.
- Али Синои Рахшанда. Хоҷа Насируддини Тусӣ ва фатҳи Бағдод дар маҷ. «Офтоби Шарқ». Теҳрон, 1386.
- Зинҷони М. Саргузашт ва ақоиди фалсафаи Насируддини Тусӣ. Теҳрон, 1335
- Иванова М. Н. «Мутоилаи даврон ва осори Насридини Тусӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар маҷ. Ёдномаи Насируддини Тусӣ» Теҳрон, т 1335.
- Бартольд В. В. Сочинение. том I, Москва, 1963.
- Мусулмонқулов Р. Насируддини Тусӣ ва назарияи шеър // Садои Шарқ, 1982, № 7. Сатторзода А. Куҳна ва нав.- Душанбе: Адиб 2004.; Таърихчаи назариёти адабии форси тоҷикӣ.- Душанбе: Адиб, 2001.
- Аристотель и таджикско-персидская литературная мысль (IX—XV вв) — Душанбе: Адиб, 2002.
- Куҳна ва нав.- Душанбе: Адиб, 2004.
- Хоҷа Насируддини Тусӣ. Асос-ул- иқтибос. Ба тасҳеҳи Мударриси Разавӣ.- Теҳрон, 1326.
- Нусхаи дастнавис ва чопии «Меъёр-ул- ашъор», ки дар китоби «Шеъру шоирӣ аз назари Хоҷа Насируддини Тусӣ», Теҳрон 1370 ҳиҷрӣ дар назар дошта шудааст.
- Мухаммад Тақии Мударриси Разавӣ. Аҳвол ва осори Хоҷа Насируддини Тусӣ.- Теҳрон, 1386.
- Саид Нафисӣ. Ашъори форсии Хоҷа. — Дар маҷ. «Ёдномаи Хоҷа Насируддини Тусӣ». — Теҳрон, 1335.
- Давлатбеки Хоҷа «Ташаккул ва таҳаввули илми забоншиносии форсу тоҷик дар асрҳои миёна». Душанбе, — 1998.
- Шоихтиёров Х. Социальная философия Насируддина Туси. Душанбе, 2010.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 1.5 1.6 1.7 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 الزركلي خ. ا. الأعلام (араб.): قاموس تراجم لأشهر الرجال والنساء من العرب والمستعربين والمستشرقين — 15 — بيروت: دار العلم للملايين, 2002. — Ҷ. 7. — С. 30.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Berry A. A Short History of Astronomy (ингл.брит) — London: John Murray, 1898.
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
- ↑ Bennison, Amira K. (2009). The great caliphs : the golden age of the 'Abbasid Empire. New Haven: Yale University Press. p. 204. ISBN 978-0-300-15227-2.
Hulegu killed the last ‘Abbasid caliph but also patronized the foundation of a new observatory at Maragha in Azerbayjan at the instigation of the Persian Shi‘i polymath Nasir al-Din Tusi.
- ↑ Goldschmidt, Arthur; Boum, Aomar (2015). A Concise History of the Middle East. Avalon Publishing. ISBN 978-0-8133-4963-3.
Hulegu, contrite at the damage he had wrought, patronized the great Persian scholar, Nasiruddin Tusi (died 1274), who saved the lives of many other scientists and artists, accumulated a library of 400000 volumes, and built an astronomical...
- ↑ Bar Hebraeus; Joosse, Nanne Pieter George (2004). A Syriac Encyclopaedia of Aristotelian Philosophy: Barhebraeus (13th C.), Butyrum Sapientiae, Books of Ethics, Economy, and Politics : a Critical Edition, with Introduction, Translation, Commentary, and Glossaries. Brill. p. 11. ISBN 978-90-04-14133-9.
the Persian scholar Naṣīr al-Dīn al-Ṭūsī
- ↑ Seyyed Hossein Nasr (2006). Islamic Philosophy from Its Origin to the Present: Philosophy in the Land of Prophecy. State University of New York Press. p. 167. ISBN 978-0-7914-6800-5.
In fact it was common among Persian Islamic philosophers to write few quatrains on the side often in the spirit of some of the poems of Khayyam singing about the impermanence of the world and its transience and similar themes. One needs to only recall the names of Ibn Sina, Suhrawardi, Nasir al-Din Tusi and Mulla Sadra, who wrote poems alongs with extensive prose works.
- ↑ Rodney Collomb, «The rise and fall of the Arab Empire and the founding of Western pre-eminence», Published by Spellmount, 2006. pg 127: «Khawaja Nasr ed-Din Tusi, the Persian, Khorasani, former chief scholar and scientist of»
- ↑ Seyyed Hossein Nasr, Islamic Philosophy from Its Origin to the Present: Philosophy in the Land of Prophecy, SUNY Press, 2006, ISBN 0-7914-6799-6. page 199
- ↑ Seyyed H. Badakhchani. Contemplation and Action: The Spiritual Autobiography of a Muslim Scholar: Nasir al-Din Tusi (In Association With the Institute of Ismaili Studies. I. B. Tauris (December 3, 1999). ISBN 1-86064-523-2. page.1: "«Nasir al-Din Abu Ja`far Muhammad b. Muhammad b. Hasan Tusi:, the renowned Persian astronomer, philosopher and theologian»
- ↑ Glick, Thomas F.; Livesey, Steven John; Wallis, Faith (2005). Medieval Science, Technology, and Medicine: An Encyclopedia. Psychology Press. ISBN 978-0-415-96930-7.
drawn by the Persian cosmographer al-Tusi.
- ↑ Laet, Sigfried J. de (1994). History of Humanity: From the seventh to the sixteenth century. UNESCO. p. 908. ISBN 978-92-3-102813-7.
the Persian astronomer and philosopher Nasir al-Din Tusi.
- ↑ Mirchandani, Vinnie (2010). The New Polymath: Profiles in Compound-Technology Innovations. John Wiley & Sons. p. 300. ISBN 978-0-470-76845-7.
Nasir. al-Din. al-Tusi: Stay. Humble. Nasir al-Din al-Tusi, the Persian polymath, talked about humility: “Anyone who does not know and does not know that he does not know is stuck forever in double...
- ↑ Сайидҳусайн Наср ва Алиур Лимон дар китоби History of Islamic Philosophy. Ҷ.1. — 1993. С. 531—532. — ISBN 0-415-25934-7.
- ↑ Одинаев Н. Аз таърихи омӯзиш ва пажӯҳиши аҳвол ва осори Хоҷа Насируддини Тусӣ(тоҷ.). www.izvestiya.ifppanrt.tj. АХБОРИ ИНСТИТУТИ ФАЛСАФА, СИЁСАТШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚИ ба номи А.Баҳоваддинови АИТ, 2013, № 1-2, С.14-21. 10 май 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Saliba G. Ţusi, Nașir-al-Din. Encyclopædia Iranica (20 июли 2009). 5 апрели 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 марти 2012.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 18 феврал
- Зодагони соли 1201
- Даргузаштагони 26 июн
- Даргузаштагони соли 1274
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Ахтаршиносон аз рӯи алифбо
- Риёзидонон аз рӯи алифбо