Ахлоқи Ҷалолӣ
«Ахлóқи Ҷалолӣ» (форсӣ: اخلاق جلالی; номи пуррааш «Лавомеъу-л-ишроқ фӣ макорими-л-ахлоқ») — асари мутафаккири форс-тоҷик Ҷалолуддини Даввонӣ (1427–1503) дар боби ҳикмати амалӣ, ки соли 1475 таълиф шудааст.
Муҳтаво
[вироиш | вироиши манбаъ]Китоб аз 3 фасл: таҳзиби ахлоқ, тадбири манзил ва сиёсати мудун иборат аст. Дар хотима васиятҳои Афлотуну Арасту ба китоб илова карда шудаанд.
Муаллифи «Ахлоқи Ҷалолӣ» дар фасли якум фитрӣ будани хулқи инсонро рад намуда, бо таъсири таълиму тарбия тағйир ёфтани онро зикр кардааст. Илми ахлоқ бо тиб қиёс шудааст: тиб барои сиҳҳат зарур бошад, тарбияи ахлоқ нафси инсонро аз ҷабру ғазаб ва дигар хислатҳои замима эмин хоҳад дошт. Азбаски хӯроку пӯшоки инсон сунъист ва бе киштану даравидан, риштану бофтан, харидану фурӯхтан ҳосил намешавад, вай ба оила ва манзил эҳтиёҷ дорад. Оила бақои насл аст. Чун фарзанд ба олам меояд, ӯро аз кӯдакӣ бо тарбияи нек фаро бояд гирифт ва мувофиқи завқу истеъдодаш илму ҳунар омӯхт. Дар фасли сеюм иттиҳоди одамон дар ҷамъият мавриди баҳс қарор гирифтааст. Муаллиф аҳли ҷамъиятро ба 4 гурӯҳ – олимон, лашкариён, ҳунармандону савдогарон ва зироаткорон ҷудо карда, гурӯҳи охирро «косибони ҳақиқӣ» номидааст.
«Ахлоқи Ҷалолӣ» дар зери таъсири фалсафаи амалии Арасту, Форобӣ, Абуалии Сино ва хусусан «Ахлоқи Носирӣ»-и Насируддини Тусӣ ба вуҷуд омада, аз соли 1866 то соли 1923 борҳо дар Ҳиндустон ба табъ расидааст.
Тарҷума ва нашрҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1839 тарҷумаи англисии қисме аз «Ахлоқи Ҷалолӣ» дар Лондон чоп шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ахлоқи Ҷалолӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.