Jump to content

Ахтари Тобон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

«Ахтáри Тобóн» (форсӣ: أختر تابان‎) — тазкираест, ки Абулқосими Муҳташам соли 1891 таълиф кардааст. Соли 1892 дар матбааи Шоҳиҷаҳонии Бҳупол ба табъ расид. Шарҳи ҳол ва намунаи осори 82 шоираи форсизабонро дар бар мегирад. Тартиби тазкира алифбоист. Дар қисми «Хотима» шарҳи ҳоли Робиаи Балхӣ ва Мастураи Курдистонӣ омадааст. Ба ҳайси манбаъ муаллиф «Маҷ­маъ-ул-фуса­ҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят ва дигар тазкираҳои дар Эрону Осиёи Миёна ва Ҳиндустон навишташударо ном бурдааст.

  • أحمد گلچین معانی، تاریخ تذکیره های فارسی، تهران، ۱۳۴۸ هـ. ش.